Фармондеҳи Арманистон аз СПАД норозист
Фармондеҳи Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Арманистон имрӯз, якуми октябр расман аз бетаваҷҷуҳии кишварҳои узви СПАД ба тирпарронӣ аз сӯйи Озарбойҷон изҳори нигаронӣ карда, таъкид доштааст, Арманистон узви ин созмон аст, вале аз сӯйи шариконаш ҳатто пуштибонии маънавӣ ҳам пайдо намекунад.
Генерал-полковники вазорати мудофиаи Арманистон Юрий Хачатуров дар ин бора дар тамрингоҳи “Баграмян” изҳор дошт, ки имрӯз дар он ҷо машқи низомии нерӯҳои сулҳхоҳи СПАД зери номи “Ҳамгиройии қавӣ-2015” оғоз шуд: “Дар мавриди хомӯшии кишварҳои узви СПАД... албатта мехостем, ки онҳо дар ин масъала бештар фаъол бошанд, вале афсӯс, то ҳол вокуниши ҷиддие нашудааст”.
Арманистон аз ҷумлаи кишваҳои узв ва бунёдгузори СПАД мебошад, вале ин созмон ҳаргиз барои рафъи таҳдидҳо ба он аз сӯи Озарбойҷон вокуниш нишон надодааст. СПАД ҳамчунин ҳаргиз расман Озарбойҷонро барои ин танқид ҳам накардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |