Бахшҳо
01 окт 2015 17:19Тоҷикистон / Сиёсат

Э.Раҳмон: Ҳамкориямон бо Чин ба фоидаи мардум аст

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 1 октябр бо ирсоли як паём ба раисиҷумҳури Чин, Си Ҷинпин 66-умин солгарди ташкили Ҷумҳурии Мардумии Чинро шодбош гуфтааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла изҳор доштааст, ки дар даҳсолаи охир Чини бо мо дӯст дар кори дигаргунсозии куллӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии кишвар ба комёбиҳои назаррас ноил гардид, ки бо шарофати он Чин дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи сазоворро касб кард: “Мо ба сатҳи кунунии ҳамкории мутақобилан судманди бисёрҷонибаи стратегӣ бо Чин, ки дар солҳои охир барои тавсеа ва тақвияти минбаъда ҷараёни муқтадир гирифт, баҳои баланд медиҳем. Бовар дорам он ҳуҷҷатҳое, ки мо дар ҷараёни сафари корӣ ба кишвари Шумо ба имзо расонидем ва кӯшишҳои қобили қабули ҷонибҳо ба рушди муътадили ҳамкории мутақобилаи бисёрҷанба ҷараёни нав мебахшанд”.

Эмомалӣ Раҳмон, изҳори боварӣ кардааст, ки мо бо кӯшишҳои муштарак метавонем ба ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Чин, ки ба манфиати аслии мардумони ин давлатҳо ҷавобгӯянд ва омили муҳими сулҳу субот дар минтақа маҳсуб мешаванд, ҷараёну инкишофи тоза бубахшем.

Дар охир раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои чинияш сиҳатмандию саодат ва ба мардуми дӯсти Чин сулҳу рафоҳатро таманно кардааст.
Мӯҳр
Одил
Ба фоидаи бизнеси оила аст на мардум.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)