Бахшҳо
05 окт 2015 09:52Тоҷикистон / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон дар як паёми телевизионӣ Рӯзи забонро табрик гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5 октябр, дуруст, дар рӯзи мавлуди худаш таҷлил мешвад, мардуми кишварро табрик намуд.

Дар ин паём, ки тавассути шабакаҳои телевизиони давлатӣ нашр шуд, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳоло барои рушду инкишофи забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва тамоми асноди қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ таҳия мегарданд ва рӯзномаву маҷаллаҳо, китобҳои дарсиву таълимӣ, оммавию бадеӣ ба забони давлатӣ ба нашр мерасанд: “Ба шарофати соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ мисли давлати миллиамон дубора эҳё гардида, имрӯз дар тамоми қаламрави кишвар мақоми шоиста пайдо намудааст. Дар натиҷа ин санаи муборак дар қатори пурифтихортарин ҷашнҳои Ватани азизамон қарор дошта, мо онро мисли дигар муқаддасоти миллии худ гиромӣ ва муътабар медонем ва ба сифати нишонаи ҳастии миллат чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем”.

Президент аз қабули қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ёдовар шуда, афзуд, ҷиҳати татбиқи он ва назорати иҷрои муқаррароти қонун дар сохтори Ҳукумат мақоми ваколатдор таъсис гардид, вазифаи он ҳамчунин тарғибу ташвиқи забони давлатӣ ва рушди минбаъдаи он мебошад: “Забони хушоҳангу зебо ва шевову шоиронаи тоҷикӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ нерӯи тоза гирифта, имрӯз аз минбари бонуфузтарин созмони дунё – Созмони Милали Муттаҳид баланд садо медиҳад ва шуҳрати Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзун мегардонад. Мо бояд талош намоем, ки забони тоҷикӣ ҳамеша ҳамин гуна нуфузу мақом дошта, асолати худро ҳифз ва ба халқи азизамон хизмат намояд”.

Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, дар шароити муосир забони тоҷикӣ хусусияти баҳаморӣ ва ваҳдатофарӣ дошта, дар таҳкими тафаккури миллӣ ва ғояи ваҳдати миллӣ нақши барҷаста дорад: “Боиси хушҳолии зиёд аст, ки имрӯз бо забони адабии тоҷикӣ сухан гуфтан дар сартосари Тоҷикистони азиз ба ҳукми анъана даромада, мардум, бахусус наврасон ва ҷавонон кӯшиш карда истодаанд, ки қонунмандии меъёрҳои забони адабиро ба инобат гирифта, сухангӯю сухандон бошанд. Забони тоҷикӣ имрӯз ба забони илму фарҳанг табдил ёфта, чорабиниҳои илмӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд, олимони мо асарҳо ва мақолаҳояшонро бо риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ таҳия карда, ҷиҳати инкишофи забон сайъу кӯшиши зиёд менамоянд”.

Дар гузашта Рӯзи забон 22 июл таҷлил мегардид, аммо соли 2009 баъди қабули қонун “Дар бораи забони давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон” он ба панҷуми октябр гузаронда шуд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)