Бахшҳо

Аз Сурия ба Тоҷикистон?

Атохон ҒАНИЕВ

16 сентябр лорди англис Мегнад Дессаӣ, ки зодаи Ҳиндустон буда, шаҳрвандии Британияи Кабирро пазируфтааст, дар парлумони ин кишвар баромад намуда, пешниҳод кард, қисме аз гурезаҳои Сурия ва кишварҳои дигари Шарқи Наздикро дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷойгир кунанд.

“Дар Осиёи Марказӣ кишварҳое ҳастанд, ки аҳолии кам доранд, монанди Туркманистон, Тоҷикистон, Муғулистон ва ғайра. Зичии аҳолӣ (дар ин минтақа) сад баробар аз зичии аҳолии Аврупо камтар аст - изҳор дошт Десаӣ. –Ман мехостам, ки СММ бо ҳамкории ин кишварҳо кӯчонидани шумораи ҳар қадар зиёди муҳоҷирон ва гурезаҳоро ташкил намуда, онҳоро дар ин мамлакатҳо ҷойгир созанд".

Ба андешаи лорд Дессаӣ, яке аз сабабҳое, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ба қабули гурезаҳои Шарқи Наздик метавонанд муносибати некхоҳона дошта бошанд, ин аст, ки онҳо фарҳанги наздик доранд. “Онҳо кишварҳои мусалмонианд, - гуфт ӯ дар бораи кишварҳои Осиёи Марказӣ. – Онҳо як динро пайравӣ мекунанд”.

Аммо коршиноси рус оид ба масъалаҳои Осиёи Марказӣ профессор Александр Князев ин иддаои намояндаи парлумони Британияро беасос ва ҳавоӣ хонд. Зимни сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” коршинос қайд кард, ки ба суханони ин сиёсатмадор набояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ кард. “Албатта кишварҳои Осиёи Марказӣ дар назди Созмони Миллали Муттаҳид ва Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо вобаста ба масъалаи муҳоҷират ӯҳдадории муайяне доранд, аммо ин маънои онро надорад, ки дар минтақа аз ин ҷиҳат онро касе иҷро хоҳад кард. Ин на он вазъиятест, ки бигӯем чун дар солҳои 1990, вақте ки Қазоқистон ва Қирғизистон гурезаҳои тоҷикро қабул намуда буданд. Ҳоло Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон худ мушкилоти барзиёдии аҳолии қобили меҳнатро доранд, ки асоси муҳоҷирони меҳнатии Русияро ташкил медиҳанд. Қазоқистон бошад проблемаҳои хусусияти иқтисодӣ дорад ва мутмаинам, ки қабули гурезаҳои Шарқи Наздик ҳеч ба нақшаҳои он намедарояд”-изҳор дошт Князев.

Шарқи Наздик минтақаест дар Осиёи Ҷанубӣ ва Африқои Шимолӣ, ки кишварҳои зиёдеро дар бар гирифта, дар ин минтақа арабҳо, форсҳо, арманиҳо, туркҳо, курдҳо ва яҳудиҳо аксарияти аҳолиро ташкил медиҳанд. Ин минтақа пас аз он машҳур шуд, ки аз моҳи декабри соли 2010 дар он “Баҳори араб”-силсилаи ошӯбу инқилобҳо оғоз ёфта, аксари кишварҳои минтақаро фаро гирифт. Табаддулотҳо дар Мисру Тунис ва Яман ва ҷангҳои шаҳрвандӣ дар Сурия ва Либия ва ошӯбу исёнҳо дар кишварҳои дигар боиси рехтани хуни ҳазорҳо одамон ва харобу валангор гардидани давлатҳои ободу мутараққӣ гардид.

Танҳо шумораи гурезаҳои Сурия дар айни замон 4 миллиону 13 ҳазорро ташкил медиҳад. Дар ин хусус Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо гузориш дода илова намудааст, ки алҳол беш 7,6 миллион шаҳрвандони аз хонаву дар маҳрумшудаи суриягӣ дар ин кишвар қарор доранд.

Коршинос Александр Князев чунин меҳисобад, ки баромади лорд Дессаӣ дар парлумони Британия ё бесаводии сиёсии ӯ ва надонистани оддитарин асосҳои ҷуғрофия, иқтисодиётро нишон медиҳад ё ин як фитнаи муқаррарист. “Британия – лоиҳакаши асосии ҳамаи муноқишаҳо дар Шарқи Наздик аст. Барои ҳамин, аз рӯи мантиқ мебуд, агар худи Британия ҳамаи ин масъалаҳоеро, ки вобаста ба гурезаҳои ин минтақа аст, ба ӯҳдаи худ мегирифт. Ин аз нигоҳи адолати таърихӣ ҳадди ақал як тантанаи адолат мешуд”, қайд кард коршиноси рус.

Ба фикри коршинос кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври кофӣ мушкилотҳо, аз ҷумла хатари ихтилофҳои дорои хусусиятҳои дохилӣ доранд ва чунин содироти ноамнӣ ба минтақаи мо мутлақан хатост. Набояд фаромӯш кард, ки замоне ихтилофҳо дар Осиёи Марказӣ маҳз аз муноқишаҳои байналмиллалӣ оғоз ёфта буд.
Мӯҳр
Точик
Дар мавриди ба чанг кашидан ва сарнагун кардани рохбарони двлатхо Амрико пеш аз хама овоз баланд карда дигар давлатхои аврупоро даъват мекунад вале дар чунин руз нигох кунед овозаш намебарояд. Хол он, ки ин гурезагон ба накшахои барчастаи Амрико ба вучуд омадаанд

Аз хама сайтхо як-ду чумлаги гири, макола мешудааст. Хочати фикр кардан нест. "Озодагон"-и азиз, барои хамин макола хам пул медихед ба "муаллиф"? Агар ха, пас хайфи пул. Ин кадар маколаи пучро дар умрам нахондаам. Обруи сайтро нарезонед, илтимос.

Муҳтарам Мегнад Дессай!
Худатон, Бритониё, ИМА, Фаронса, Туркиё ва дигар кишварҳое, ки Саддам Ҳусейну Каддафиро сарнагун кардед ва ДОИШ-ро сохтед, гурезаҳои Сурияву Ироқро қабул кунед. Мо тоҷикон, туркманҳо, русҳо, узбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳо ва чиниҳо мисли шумо давлатҳои оромро ноором накардем. Касе, ки хонаи бечораҳоро сузонд, ана ҳамонҳо хонаи онҳоро аз нав созанд.

Бигзор хамон Британия+Аврупову Амрико ин мухочирони фирефтаашонро чойдиханд то ки дар оянда фахмандки низоъу фитна андохтан ва бе чо нишон гирифтан билохира санги партофтаат ба сари худат бармегардад эй Амрикоихои фитнаандоз.
Хукумати Точикистон ин пешниходро кабул накнад ки боз Точикистон маркази терористхо мегардад.

Хонанда
Ба "хонанда" Ардашер!

Маълум,ки фикрронии шумо аз сатҳи фикрронии "занҳои лави ов" беш нест.
Чун фаҳми дарки ин ҷумлаҳоро надоред, беҳтар нест дар хона "Санта Барбара" кунед?))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)