Бахшҳо
06 окт 2015 13:52Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ҳимояти Тоҷикистон аз Иттиҳоди АвруОсиё ва истиқболи Наришкин

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 6 октябр дар ҳамоиши байналмилалии «Дурнамои иқтисодии Авруосиё» дар шаҳри Остона ҳимояти Тоҷикистонро аз ин иттиҳод баён дошта, зарур хондааст, ки дар доираи ин созмон манфиати ҳамаи кишварҳои узв ба инобат гирифта шавад.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки Зуҳуров дар шаҳри Остонаи Қазоқистон пуштибонии ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро аз ғоя ва андешаи баррасии масоили ҳамкориҳо дар заминаи бунёди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим баён доштааст: “Нақшаи камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим барои кишварҳои Авруосиё дар рушди иқтидор ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар масири Роҳи бузурги Абрешим нерӯи муҳим буда метавонад”.

Ба иттилои манбаъ, ҷаноби Зуҳуров таъкид кардааст, ки кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳамчун шарикони дерина ва боварибахши Тоҷикистон дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, илмӣ – техникӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар арсаҳои равобит ба шумор мераванд. Раиси Маҷлиси намояндагон гуфтааст, чунин мешуморанд, ки ҳангоми амалишавии лоиҳаҳо дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва камарбанди Иқтисодии роҳи Абрешим бояд манофеи ҳамаи кишварҳои минтақа дар асоси манфиатҳои мутақобила аз ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, зерсохторӣ ва сармоягузорӣ ба инобат гирифта шаванд.

Шукурҷон Зуҳуров дар нишасти мазкур иброз доштааст, ки боварӣ доранд, ҳамгироӣ ва ҳамкории Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва дигар кишварҳо дар амалишавии чунин лоиҳаҳо, ки ҷавобгӯи талаботи замон ва ормонҳои халқи мо мебошанд, ба ҷалби ҳарчи бештари кишварҳои минтақа дар фазои муносиби сатҳи ҷаҳонӣ, беҳтар шудани сатҳи рақобатпазирии иқтисодӣ ва баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ сабаб мегардад.

Дар ҳошияи ин ҳамоиш Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Русия дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш аз таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё истиқбол карда, хостори ҳамкории бештар дар ҳамаи соҳаҳо шудааст.
Мӯҳр
Содалавҳ
Дар ворид шудан ё нашудани Тоҷикистон танҳо як чиз бояд назар гирифта шавад, манфиати миллии Тоҷикистон. Тамом.
Тоҷикистон аз фиребҳои Русия бояд хаста шуда бошад. Шарту шароите, ки Тоҷикистон ба онҳо рози мешавад, бояд амалишаванда бошанд, шартҳои иловагӣ надошта бошанд ва мӯҳлати муайяни татбиқи онҳо возеҳу рӯшан бошад.
Дар ҳоли акс, моро боз козел отпушение карда, мепартоянд ва Тоҷикистон роддоми қувваи кории сиёҳи Русия боқӣ хоҳанд монд.

Худое тезтар ба итиходи авруосие точикистон дохил шаваду ин дуздхои конуни ба ном бойхои чипсавор бо мардуми одди баробар шавад

навруз
Содалавҳ,худат Бовари дори ??Кай <акои калони>хохад ва чи хел хохад хамун хел дохил мешавем!!!!!барои хамин нозу нуз нокарда тезтар бояд аъзо шавем .агар не як райпурси ва на факат ба <таможни союз>балки ба федоратсияи РООСИЯ аъзо мешавем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)