Бахшҳо

“Lidovky”: Зиндагии муҳоҷирон дар Русия бардагиро ба ёд меорад

Нашрияи чехии “Lidovky” бо нашри матлабе навишта, муҳоҷирони кории кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла тоҷикон дар Русия аз ҳеч ҳаққе бархурдор нестанд ва зиндагии онҳо ғуломиро мемонад.

Матлаби “Lidovky” аз нақли [b]Рустам,[/b] як муҳоҷири тоҷик оғоз шуда, ки гуфтааст, бо чанде аз ҳамватанон ва муҳоҷирони дигар аз ҳамсоякишварҳо дар манзиле рӯз мегузаронад, ки на об дораду на шароити дигаре барои зиндагӣ. Ба қавли ӯ, онҳо барои зиндагӣ дар ин хона пул намепардозанд, балки аз ҳақмуздашон мустақиман гирифта мешавад.

Нашрия менависад, бештари муҳоҷирони корӣ дар Русия на иҷозаи кор, на ҳуқуқ ва на имконоти дигарро надоранд: [b]“онҳо танҳо кор мекунанд ва пулҳои коркардаашонро ба хона мефиристанд”.[/b]

Ин нашрияи чехӣ супоридани имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва ҳуқуқи Русияро яке дигар аз мушкилиҳои муҳоҷирон гуфтааст. Ба навишатаи “Lidovky”, “ин кор ба ҳар кас муяссар намешавад. Барои мисол, Рустам забони русиро ба гунаи аҳсан намедонад ва супоридани имтиҳон аз таърих барояш ба таври фавқулода душвор аст”.

Аммо дар идомаи матлаб омада, чунин ҳам мешавад, ки муҳоҷирон гувоҳиномаи донандаи забони русиро бар ивази чанд ҳазор рубл бихаранд. [b]“Аз ин хотир муҳоҷирон дар Русия ба ҳеч ваҷҳ кам нахоҳанд шуд. Аммо имкон дорад, шумори бештари онҳоро қонунӣ кард”[/b],-навиштааст “Lidovky”.

Ба ин тартиб, нашрияи чехӣ хулоса кардааст, бидуни муҳоҷирони Осиёи Марказӣ кори сохтмонӣ дар Русия метавонад боз монад: [b]“Афзун бар ин, сели муҳоҷирон ягона умедест, ки коҳиши аҳолии Русияро ҷуброн мекунад”.[/b][/b]
Мӯҳр
як чизро фаромушт кардааст ки боз хукуматдоронамон моро ношукр гуфта таъна мекунанд ки агар мо намебудем шумо ба русия рафта наметавонистед. ва шабуруз таърифу тавсифи дастовардхои хукуматро мекунанд. 23 sol ast ki dar tv fakat peshraftro mebinem yagon kambudi nest ammo az chiboshadki hejne dar hayotamon tagirot vorid shavad ruz az ruz zidagiamon mushkil meshavadu oson ne

Ноумед
Кадом экстрасенсе гуфтааст точикон то охири дуне умрашон дар мусофириву дарбадарию азоб мегузарад. Як бурдаи нон рохати чон гуфтаю дар ватан меистем..чи гуфтед..безори хамон давлати бегона

мухочир
Бардаги гуфтеду мондед,вакте дигарон гуфтанд пас чоп мекунед.Ин журналистон факат аз паи хангома.Дар гами пул.Ин тоифа хам муздури хочагони хоричи аст. Як ба Русиях омада бинед;авхоли зори зану марди точика,хукук не,шароити мудхиш,агар хоханд патент дошта боши хам чарима мекунанд,ин ФМС не конслагер аст.Сад китоб нависи хам кам.Як макола е тадкикоти худи нест,хайфи номи журналисти! Факат хангома,буздило.Гап бисеру бефоида,агар озодагон чоп накуни дуои бад мекунам,

саид
Агар дар точикистон ягон касе аз камбудии хукумат гап занад, е хоин е терорист е екстремист е дастпарвардаи хоричихо мегуянд. Хамин аст точикистони ба ном демократия

Карим
Акнун дар бораи зиндагии арабҳо дар Европа ва худи ҳамон Ҷехия нависанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)