ВИДЕО: Парвина Абдуллоева ба 18 соли зиндон маҳкум шуд
Додгоҳи шаҳри Душанбе Парвина Абдуллоева, сокини 33-солаи ноҳияи Ёвонро, ки барои қасос аз шавҳар се фарзанди ноболиғашро ба об андохт, ба 18 соли зиндон маҳкум кард.
Парвина Абдуллоева имрӯз, 9 октябр ҳангоми ироаи сухани ниҳоияш дар додгоҳи Душанбе изҳор дошт, фарзандонашро сари эҳсос ғарқ кардааст. Наздикони Абдуллоева, ки дар мурофиа иштирок доштанд, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, “Парвина ҳангоми сухани ниҳоӣ гуфт, дар вақти ба об андохтани худу фарзандонаш дар ҳолати бади руҳӣ қарор дошт. Ӯ аз додгоҳ хост, ҳолати бади руҳӣ ва синни ҷавонашро ба назар гирифта, барояш ҷазои сабук таъин кунад”.
Ӯ инчунин аз додрас хостааст, аксҳои се фарзандашро, ки пеш аз ба об андохтан дар Кӯли ҷавонон гирифта шудаанд, ба ӯ бозпас диҳанд.
Айбдоркунандаи давлатӣ низ барои Парвина Абдуллоева 18 соли зиндон талаб карда буд.
Парвина Абдуллоева, сокини ноҳияи Ёвон шаби 4 июл худро бо се фарзанди ноболиғаш дар маҳаллаи Ҳаёти нав, дар наздикии Кӯли Ҷавонон ба канали Ҳисор партофт. Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба “Озодагон” он вақт гуфта буд, қазия тақрибан соати 21:18 дақиқа рух додааст: “Сокинони маҳаллаи “Ҳаёти нав” Парвинаро наҷот додаанд, аммо се фарзанди ноболиғаш-Зиёвиддин Бобоев, соли таваллудаш 2008, Маҳина Бобоева, соли таваллудаш 2009 ва Омина Бобоева, соли таваллудаш 2010 ба ҳалокат расидаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |