Бахшҳо

“Барқи тоҷик”: “Лимит” аз 19 октябр ҷорӣ мешавад

Ширкати “Барқи тоҷик” эълон кард, ки аз 19-уми октябри соли равон дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба истиснои пойтахт маҳдудияти таъминот бо барқ ҷорӣ мешавад.

Дар ин бора ба “Озодагон” имрӯз, 19 октябр Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” иттилоъ дода, афзуд, ки дар мавриди соатҳои маҳдудияти барқ баъдан иттилоъ дода хоҳад шуд: “Рӯзҳои наздик Муроҷиатномаи ШСХК «Барқи Тоҷик» ба мардуми Тоҷикистон, ба роҳбарони корхонаву муассисаҳо ва воситаҳои ахбори омма нашр ва паҳн мегардад, ки дар он шароиту имконияти таъминоти барқ дар давраи тирамоҳу зимистони имсола пурра тавзеҳ дода мешавад".

"Барқи тоҷик" сабаби ҷорӣ намудани маҳдудиятро сардии ҳаво ва коҳиши ҳаҷми об дар дарёи Вахш арзёбӣ мекунад, чун ба иттилои ин ширкат беш аз 98 фоизи энергияи барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад: "Сабаби дигари ҷорӣ намудани маҳдудият дар он аст, ки сатҳи оби обанбор ҳар қадар дар нуқтаи болотар нигоҳ дошта шавад, зимистон, ки эҳтиёҷи мардум бештар аст, бо барқ беҳтар таъмин карда мешаванд".

Эълон расмии “Барқи тоҷик” дар ҳолест, ки сокинони навоҳии кишвар шикоят доштанд, ки аз 1 октябри соли равон дастрасияшон ба нерӯи барқ маҳдуд гардида, шабона барқ намегиранд.

Дар Тоҷикистон ҳамасола дар фасли сармо маҳдудияти барқ ҷорӣ мешавад, ки одатан аз моҳи октябр то аввали апрел идома мекунад. Ин маҳдудият танҳо ба вилояти Бадахшон дахл надорад, ки сокинони он тақрибан шабонарӯзӣ аз сӯи ширкати “Помир Энержӣ” бо барқ таъмин мешаванд.
Мӯҳр
Хоксор
Айбу шарма донед охир дар 25 сол мардума бо барк таъмин карда наметавонед. Дар Афгонистон,ки 40 сол чанг рафта истодааст,лекин хамаи мардум кариб бо барк таъмин хастанд. Бас аст мардум фиреби

Мирзо
Нозирчон Ёдгори хело вакт шуд мо лимит дорем, аммо хохиши мо ин аст, ки субх акалан аз соати 5:30 ё аз 5:00 баркро равшан карда соати 8:00 ё 8:30 хомуш намоянд.Шом бошад аз соати 17:00 равшан кунанд. Чунки дар дехот зиндаги менамоем барои ба кор расидан хело барвакт хестан лозим ва бегох зуд торик мешавад сати 18:00 алакай хело торик мешавад.

'Танхо дар Бадахшон ки онро ширкати Помир энержи бо барк таъмин менамояд,махдудияти барк нест.'
Хама бебарки аз ширкати 'Барки точик' аст. Баркро 'бизнес' (манбаи даромади муфт) накарда , бояд бо сохтани НОБ(ГЭС) хурду миена кишварро бо барк таъмин кунанд. Кани чаноб Ёдгори гуянд, дар солхои охир бо ибтикори ширкати 'Барки точик' чанд ГЭСи хурд ё миёна сохта шуд? ЯГОНТО.
Ин ширкат баркро 'бизнес' кардан ва махдудкарданро метавонад

Шахрванд
Ба таваччухи Барки точик!!! Дастури Шумо нав содир шуд, аммо дар нохияхо (хусусан нохияхои вилояти Хатлон) аз мохи сентябр "лимит" чори шуда буд. Субх аз соати 6 то соати 8 ва шом аз соати 5 то соати 21:30 барк буду халос!...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)