Бахшҳо

Шикояти Абдуҳалим Ғаффоров аз кормандони БДА ба генерал Саидов

Абдуҳаллим Ғаффоров, раҳбари Ҳизби сотсиалистӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон, имрӯз, 21 октябр аз кормандони Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) ба раҳбари ин ниҳод генерал Маҳмадсаид Саидов шикоят кард.

Ба қавли оқои Ғаффоров, ҳангоми дар беморхона қарор доштан кормандони БДА рақами мошинашро кандаанд: “Ин чӣ гуна муносибати кормандони БДА бо вакили парлумон аст”.

Раиси Ҳизби сотсиалистӣ аз Саидов хост, кормандони ниҳоди тобеаш дастурамали Маҷлиси намояндагонро риоя кунанд. Ғаффоров дар шарҳи ҳодиса ба хабарнигори "Озодагон" афзуд, "бо мошини хидматиам як моҳ қабл дар яке аз беморхонаҳои Душанбе будам. Дар мошин ронандаам буд. Вақте баромадам, рақамҳои мошин набуданд, ронанда гуфт корманди БДА кандааст. Ба корманди БДА дастурамали Маҷлиси намояндагонро фаҳмондам, ки нозири БДА ҳаққи ҳатто тафтиши ҳуҷҷатҳои депутат ва кушодани дари мошинашро надорад. Баъди ин рақамҳоро гардонданд".

Генерал Саидов ба хабарнигорон гуфт, нозирони БДА кӣ будани соҳиби мошинро надонистаанд.

Маҳмадсаид Саидов ба парлумон барои муаррифии тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи боҷи давлатӣ ҳозир шуда буд, ки ҷузъиёти онро "Озодагон" ба зудӣ пешниҳоди хонандагон мекунад.
Мӯҳр
Чиии бад закон только барои мардуми одияй чаноби Абдухалим Гафоров мошината дар дар сари рох гузошти канешно мегиран дар назди конуну давлат хамма як хасс на инки ман вакили хизб хастаму конун барои ман нест на ин нодуруст аст.!

точик
Конун барои шумо дахл надорад,Халимов?ч

sdaasd
i nishon medihad ki kormandi davlat kamsavod ast janobi Gaforov in gunohi shumoram hast jun natavonistaedki gonune vaz kuned ki savod dar joi avval boshad

МАН
Мухтарам вакил чаро хеч гох аз номи мардум шикоят намебараду чун навбат ба худаш расид баъдан то генерал даъвояш мерасад ва боз агар мошини вакил гайримучоз дар чое гузошта шуда бошад чаро баъд аз фахмидани он ки мошини вакил будааст бе чарима чавобаш медиханд ва чаноби генерал ба як навъе узрхохи хам мекунад хади акал барои риояи дахлнопазирии шахсии вакил генерал ба мачлиси оли хабар дихаду талаб кунад ки вакилхо низ бояд койдахои рохро риоя кунанд.
вакил будан ин маънои онро надорад ки мудати 5 сол хар коре ки хохи кардан гир

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)