Бахшҳо
28 окт 2015 12:17Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дар сӯги фарзанди бедори миллат устод, Саъдинисо Ҳакимова

Ту оби равон будиву рафтӣ сӯи дарё,
Мо сангу кӯлухем таҳи ҷӯй бимондем.
Дар сӯги фарзанди бедори миллат устод, Саъдинисо Ҳакимова
Нудбаи аввал
Вуҷуди ӯ таъсири бисёр фаровоне ба атрофиёнаш дошт. Зеро фузунӣ ёфтани некӣ дар ҷаҳон то ҳудуде ношӣ аз корҳои(ба назари мову шумо) кӯчак аст ва агар рӯзгор он қадарҳо бар мову шумо сахт намегузарад, камубеш ба иллати касонест, ки мӯъминона гумном зистаанд ва ғарибона дар гӯр орамидаанд.
Ҷорҷ Элиот

Ва суннати илоҳӣ чунон рафта, ки ҳар ки ҳақ гӯяд ва дар изҳори ҳақ кӯшад, бисёре аз халқ душмани ӯ гарданд
Алии Ҳамадонӣ

Оҳе, ки зи сина азми шабгир кунад,
Ҳуш дор, ки дасти зӯрро зер кунад.
Зинҳор махӯр бар дил, арбоби вафо
Чун шиша шикаст кори шамшер кунад.
Мулло Қудратӣ
Овои дили дилнавозон
(номаи аввал)
Модари ҷон! Бар дилнавозони беморнавозат бубахшой, ки навъе ғафлат ва бехаёлӣ бар онҳо ғолиб омад ва туро аз даст доданд. Ҳамешагӣ! Ҷои поят рӯи дилу дидаву хонаи онҳо холист. Вале ҳарфи охират зиёд моро таскин медиҳаду ранҷ ҳам. Рӯзҳои сангине, ки болини нарм такягоҳат буд, ба такрор мегуфтӣ, ки ҳама беморпарастон зи ғамат сер шуданд! Модари ҷон! Агар ҳарфи сониро намегуфтӣ ҳоли вомондагонат чӣ мешуд? Гуфтӣ, бо қотеъият ва тасалло, он ки ин ғам хурад имрӯз танҳо шумоед ҳама!

Модари ҷон! Дар дами назъи равон беш аз падару модарат ёд кардӣ ва мегуфтӣ: падару модарам аз пой фитоданд зи ғам! Ҳар гоҳ табат тезу забон кунд мешуд аз Маннову Арафот ва аз Каъбапарастонат ёд мекардӣ. Вале дилнавозонат наметавонистанд табат бубанданду забонат бигушоянд. Аз бӯи дору рӯй мегардондӣ, аз шарбати тоза низ. Медидем, ки танат на аз таб, балки аз оташи ғам месӯхту фарзандонат сарангушт мехоиданд. Лоилоҷ будем мо! Ҳарфи охират, ки мегуфтӣ: ҷон ба фардо накашад дарди сари ман бикушед! Тири қасоси ту аз накбатзодагон буд:

Хун шуд дилам аз дареғ хурдан,
В-аз нолаи ҳамчу теғ хӯрдан.
Чун модари ман ба зери хок аст,
Гар хок ба сар кунам чӣ бок аст.
Эй модари ман, куҷоӣ охир,
Рӯй ор, чи наменамоӣ охир.
Хандон зи дили замин бурун ой,
Бар гиряи зори ман бубахшой,
Рондӣ ба биҳишт киштии хеш,
Рӯ тофтӣ аз биҳиштии хеш.
Ҳар ҷо, ки зи пойи ту ғуборест,
Моро зи биҳишт ёдгорест.
Шерозаи ҷузви ман тақдир,
Омехта хуни туст бо шир.
Меҳре, ки ба шир шуд фароҳам,
То ҷон наравад куҷо шавад кам.
Гирам, ки шудӣ зи дида мастур,
Аз синаи ман куҷо шавӣ дур.
Донам, ки ту дар биҳишти ҷовид,
Рахшандатарӣ зи моҳу хуршед.

Модари ҷон! Медонистӣ ва медонем, ки ин ҷаҳонро назаре сӯйи вафо нест. Бинобар ин ҳам ашки фарзандонат роҳи назари дидаашонро сӯйи ҷаҳон мебандад. Метавонем боми гардун аз тафи оҳ бишканем, вале, во модаро, роҳи ғамро наметавонем, ки дар бандем. Тавонамон фақат ба ин мерасад, ки ноларо ба боли мурғ бандем ва номаро бар ғуссаи хеш ва мурғро номаҳои сарбаста бар гардан овезем ва сар диҳем то ба боми фалак.

Во модаро! Зиндагиат саҳнаҳои амал ва кирдори қаҳрамонони баргузидаи шикастхӯрда, вале ҳамеша ғолиби адабиётро дар ёди мо зинда мекунад ва ин ҳарфҳо ёд меояд: “Чаро танҳо он касонеро, ки дар майдони набард ҷон месупоранд, ҳурмат мегузорем. Инсон бо дарафкандани худ ба ҳовияи вуҷуди хеш метавонад ба ҳамон мартаба аз бепарвоӣ ибрози шуҷоат кунад”. Даҳномҳо мешунидӣ ,модари ҷон, носазоҳо мегуфтанд, вале худро ба ҳовияи вуҷудат меафкандӣ. Риёкориҳои рангоранги воизони хушбахту хол пушти гуфтаҳои нешдор ва чандпаҳлуяшон пинҳон буд, туро нашикаст, балки самоҷат ва устуворӣ мебахшид. Рози вуҷудат нигаҳдори як ҳастии рушан, як эътиқоди бедиранг, як покизагии бунёдӣ буд дар миёни хайли одамакҳо, лаҷанзорҳо, зиштиҳо, таслимҳо....

Ин ҳама истодагиҳот медонистӣ, ки бар зиёни зиндагии рӯзонаат тамом мешавад. Ҳатто гоҳо ба зиёни дилхоҳ! Вале бок надоштӣ ва мурдагиомӯзонро ба худ меовардӣ. Ба худо, ҳушдор медодӣ! Дил ва ақли ҳушдор гуфтан доштӣ. “Асири мустаъмара”(“Заложник империя”), ҳушдори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва миллатсоз барои як зумра ситамкорон, миллатфурӯшон ва русабиҳои мансабталоши беҳуввият буд.

Дар канори ту бисёре аз ёронат ба ҳам хиёнат карданд, бо таассуби зотӣ “тамоми ёдгориҳоро бо тикаҳои сурб ва бо қатраҳои мунфаҷиршудаи хун аз гиҷгоҳҳои гаҷгирифтаи деворҳои кӯча” зудуданд.

Модари ҷон, дар иртифоъи теппаи гӯристони Сари Осиё манзил муборак! Дигар фарзандонат ба аёдатат намеоянд, ба тамошои як шаҳид меоянд. Шаҳиди рой ва ормонҳо. Шаҳиде, ки тамошобини модарону тифлони тӯъмаи маргҳои на табиӣ ва на ба ҳангом набуд. Осон буридӣ аз мо, модар!

Вақте ки ёди он ҳама ранҷ ояду азоб,
Модар, ба ҷони ту, ҷигарам мешавад кабоб.
Эй вақф карда зиндагӣ аз баҳри кӯдакон,
Рафтиву зиндагӣ ҳама шуд заҳри кӯдакон,
Эй сина дошта сипари ҳар балои ман,
Акнун бикун шафоати ман бо худои ман.
Имрӯз ҳастмиям ба умеди дуои туст,
Фардо калиди боғи биҳиштам ризои туст.

Нудбаи дувум аз он сӯи арвоҳ
Даҳони мурда ба маънӣ сухан ҳаме гӯяд,
Агар нест ба сурат забони гуфтораш.
Саъдӣ
Ман дар тирагӣ осон назистаму осон намурдаам. Бок не, агар ҳеч кас маро марсият нагуфт. Вале бок аз он аст, ки агар рой ва ормонҳои ман бимиранд. Бок аз он аст, ки агар шумо напазиред, ки талошҳои ман, исёнҳои ман фардӣ набуд, барои насли шумо, барои имрӯзу фардои шумо буд.

Дар замони инҳисори ҳақиқат, дирӯз ва имрӯз низ, то вопасин нафас дар бораи шумо андешидаам. Мисли ҳазорҳо ҳамватан мушкилоти ҷомеаро шахсӣ ва кӯчак нашинохтаам. Он чи ҳамчун як табиб, на фарди сисии мансабталош, дар зиндагиам, дар фаъолияти табибиам дидаму ҳис кардам, ба ҳастии миллат- бақои насли он пайванд мехӯрд. Вақте мурдани фарзанду модарро медидам, вақте бепарвоӣ, бесалоҳиятӣ ва хиёнати ошкорои ҳамватан ва ҳамиллати масъулро медидам, рӯҳам шиканҷа медид. Он ҳама ноҷӯриҳо дар ҳимояи тифли маъсум ва модари муштипараш ҳастиамро мисли хӯра мехӯрданд.

Азизони ман! Сияҳбахтӣ аз дунёи берун сарчашма намегирад. Ҳамоқат, разолат, ҷиноят, хиёнат агар пушту паноҳе дорад, дар зери ливои қонун ва шафоати ҳимоятгаронаш инсонро хору залил, миллатро сарафкандаю дастнигар ва ноумед месозад.

Мисли даҳҳо ҳамкасбони муосирам метавонистам даст болои даст бигзорам ва роҳат бизиям. Чӣ зарур буд, ки як зан дар муқобили беадолатиҳо дар шинохт ва эҳтироми ҳаққи ҳаммилатонаш, тифлони ба ноҳақ мурда ва модарони ранҷур исён кунад, ба хусус дар рӯзгоре, ки дарёфт ва ба курсӣ нишондани адолат осон набуд. Акси садоятро аз биёбон мешунидӣ. Медидӣ ва алам мекашидӣ, ки чи гуна метавонад дурӯғ, вақоҳат, зургӯӣ ва ситам ҷойи ҳуш ва рушанбиниро бигирад.

Он ҳама талошҳоям, муборизаҳоям дар ҳифзи ҳуқуқи модару кӯдак дар замони Шӯравӣ дар дасти таърих монд. Аз онҳо ёд намекунам. Он чи кардам ҳуҷҷати таърих аст. Дар китобҳоям забт аст.

Вале ҳоло шояд ҳамкасбон ва он ситамкорон, ки ҳануз зиндаанд, биандешанд, ки чаро ин зан дар он сӯи арвоҳ низ ором намешинад. Натарсед, дигар ҳеч кас барои ҷиноятҳоятон дар ҳаққи модарону кӯдакони ин миллат, ки аз бесалоҳиятии касбӣ ё хиёнаткориатон мурдаанд,шуморо ба ҷазо намекашад. Шумо аз дасти қонун раҳо будед, раҳо ҳастед, вале рӯҳи новақт ва ночори мурдаҳо шуморо хафа мекунад. Маҳалли ҳисобу китоб ин ҷост, ки ман ҳастам ва мебинам ҳоли онҳоеро, ки фақат бар ман не, ба насли инсон ситам кардаанд.

Ҳоло дар он ҷое, ки Шумо по мегузоштед, дар зери теппаи бостонӣ, ки бо заболаҳои имрӯзӣ қотӣ шудааст, ман сар гузоштам. Дар паҳлуям зани ғарибе, ки метавонист ғарибу бекас набошад. Дасти ҷаҳолат, дасти хурофот ӯро ғарибу бекас сохта. Вале рӯҳаш қасосашро аз онҳое, ки саъодати зистанро аз ӯ рабудаанд, хафа хоҳад кард.

....Дар зиндагиям то тавонистам барои зинда мондани модарон ва тифлонашон, барои фарзанд ёфтани занони нозо, барои сиҳатманд шудани кӯдакони камхун ва ....талош кардам. Шумораи бо ситам фавтидагон ва омилҳову сабабгорони маргашонро то тавонистам муайян ва мушаххас кардам. Ин ҳама арқом дар китобҳоям забт аст. Исми гунаҳкоронро низ руст накардаам. Вале ин маро таскин намедиҳад. Он фавтидагон бо орзуҳо ва ояндаашон мурдаанд. Дигар зинда намешаванд. Мисли Умаралии навзод, ки ҳамин ҳоло куштанду ва рӯҳаш ба ҳақ пайваст.

Шояд баъди хондани ин ҳарфҳо нафаре-дӯст ё душмане-рӯзномаро дур созад ва боз маро ба ғамноманависӣ, мурдапарастӣ ва азодорӣ мутаҳҳам кунад. Не, азизон! Ҳақиқат ин нест. Ҳақиқат он аст, ки дигар набояд мо зиндагиро бар марг тарҷеҳ диҳем, ба ҷои куллигӯӣ, ба зиндагие баруманд ва арзишҳои мондагор имон оварем. То ба ин сарҳад расидан омилҳо ва сабагорони бадбахтиҳоямонро шиносем ва муаррифӣ кунем. Он вақт дасти марги ҷисмонӣ ва маънавӣ аз домани миллати мо кӯтоҳ мешавад. Барои ба ин сарҳад расидан чашми бино, рӯҳи ҳақиқатшинос ва пушти кор лозим аст, дигар ҳеч. Суолҳоям зиёданд. Ба хусус аз сарнавишти ононе, ки заҷри инсон-ҳамиллатонашонро кашидаанд. Мо бояд аз худ бипурсем, ки чаро дар гузаштаи на чандон дур Низомулмулк бо ҳама ислоҳотхоҳиҳояш тарафдор пайдо накард.?! Чаро Айниро агар Лоҳутӣ намебуд ба коми марг мефиристодем?! Чаро Мирзо Турсунзода дар айни шукуфоии истеъдод ва ормонҳояш солҳои сӣ аз Душанбе “гурехт ” ва дар Хуҷанд паноҳ бурду зинда монд. Сотим Улуғзодаро кишвари қазоқ дар домонаш парварду амонаш дод! Чаро наметавонистем аз гуноҳи раҳгумкардаҳое, мисли Фитрат, Бектош ва даҳҳо тоҷикони қурбонии тавтиагарон ва душманони миллат бигзарем!! Чаро Шириншоҳи Шоҳтемур, Абдуқодир Муҳиддинов ва...қурбон шуданд?! Чаро мо сари фоҷеаҳои инсонӣ ва маънавии таърихи миллат аз мавқеи имрӯзу фардо бо назардошти манфиатҳои дарозумри миллат намеандешем?! Вақте ифтихороти миллӣ созанда ва ҷовид аст, ки агар мо тавонем омилон ва сабабгорони инҳитоти миллиро низ шиносему шиносоӣ кунем. Агар тавонем сиҳатии модарону тифлонамонро ҳифозат кунем, домони фардо аз даст нахоҳад рафт. Агар ба ифтихори пуч нагаравида аз сарнавишти таърихии миллат ва фарзандони ҳақбаҷонибаш, аз дарси амалии бузургони ҷонфидояш сабақ бигирем, дастрасӣ ба ояндаи рӯшанро ба фарзандонамон замонат хоҳем дод. Агар на...

Дар миёни ин ҳама дарду бало
Чун тавон кард орзуи бахти рангин?
Чун тавон кард орзуи умри ширин?
Чун тавон кард орзуи рӯзгори чун шакар?
Чун тавон кард орзуи қаҳрамони сафшикан?
Чун тавон кард орзуи Рустами Дастон дигар?...

Номаи Ҷумъаи Дӯсти ҷавонмарг ба Модарбузург
Мотами рӯзгор доштам, ки дигар чун ту рӯзгор надошт.

Модари азиз! Ёдатон меояд, аз ман ва он тифлони ғурамарги ман, модарашон ва ҳамраҳони ман, ки бар асари як фоҷеаи сохта ба дарё рафтем ва рӯҳамон ба ҳақ мулҳақ шуд. Оҳ, модар! Пури Дастон натавонист аз чоҳи нобародар ҷон дар амон барад. Мурд, мурд бо Умедаш, бо Фуруғаш бо..., ки шумо ҳадя карда будед. Акнун шуморо заҳмат медиҳам ва фарёд мекунам: фарёди маро, он ки нолааш аз он сӯйи арвоҳ меояд, бишнавед!

Нӯҳ сол бефарзанд будам. Падари шодравонам исрор мекарданд, ки ҷавоби ҳамсарамро бидиҳам. Таъкид мекарданд, ки меваи мард фарзанд аст. Вале ман наметавонистам ҳамраҳамро раҳо кунам, ноумед кунам.

Ёдатон меояд? Маро ва ҳамраҳамро Ойтии азизу шарафмандам(ҳамсари Пӯлод Толис Иноят Рустамова дар назар аст-шарҳи мо) назди шумо оварданд. Барои ташхис ва табобат. Баъди фурсате ба ман пайғом додед, ки соҳиби фарзанд мешавам агар ба табобати ҳамсарам розӣ шавам. Чаро розӣ нашавам буд? Охир, то шумо садҳо дарро куфта будам, фақат ба қисмат ҳавола мекарданд. Дасти шафқат ва ҳаётбахши шумо марову ҳамсарамро аз нанги безурётӣ наҷот бахшид. Вале он чи баъд рух дод маро, фарзандонамро, ҳамсарамро дар шикастагии санги ҷасад маҳбус сохт. Дигар касе аз марг нарустааст, ки мо бирӯем. Дигар “оби оташзадааму оташи обзада”.

Ҳоло шеърҳоям низ дар китоб аст. Дигар раҳнамоиҳо ва тасалии Гулназар барои шоири хуб шудан ба кор намеояд. Фақат дар пештоқи мактаби зодгоҳам номи маро навиштаанд. Рӯҳам шод аст.

Модари ҷон! Ҳасрат мисли хӯра ҷисм ва рӯҳро мехӯрад. Вале наметавонам ба шумо ҳасрат накардан.

Он рӯзи шум баъди анҷоми хатнатуи фарзандонам дар роҳи Айнӣ-Самарқанд мо ҳама ба дарёи Зарафшон рафтем. Баъди фосилае, ронандае, ки “шоҳид” буд, ба зодгоҳам меояд ва ба духтарони сари роҳ хабар медиҳад, ки “аз куни дунё гардам, рафтанд”. Кӣ рафт, куҷо рафт касе намепурсаду намеҷӯяд. Агар он “шоҳид” хабар медод, шояд ҳамсарам, тифли дар батнаш буда ва Фурӯғи ман аз сардӣ намемурданд. Шояд шумо ба суроғи фарзандонатон меомадед ва наҷоташон медодед. Ҳамчунон ки Умеди зистанро барояшон ҳадя карда будед.

Аз он рӯзгор солҳои зиёде гузашт. Агар мебудам мани он вақт бисту чандсола шастсола мешудам. Ҳама чизро метавонам таҳаммул кунам ва ёд накунам. Вале ҳоли модарамро, ки миёни ҷасадҳои фарзандонаш-ду писари бузург, арус ва набераҳояш мегашту нола мекард: на шумо мурдед, роям мурду ормон- диламро ҳанӯз ҳам мефишорад.

Вақте аз Душанбе Фотеҳ Абдулло, Хайриддини Қосим, Мирзо Шукурзода ва Кароматуллоҳ ба ҷанозаи ман расиданд, модарам гардани ҳар кадомеро гирифта нудба мекарданд:

Ҳамраҳони нозанинам аз сафар боз омаданд,
Бадгумонам то чаро бе он писар боз омаданд.
Армуғоне ҳанзал оваранду сабр аз баҳри мо,
Гарчи худ бо тунгҳои пуршакар боз оманданд...
Ту куҷоӣ, эй писар ,ҷонам бирафт аз интизор,
Ту намеоӣ, дигарон аз сафар боз омаданд....

Он замон нолаи ҷавонмаргони модарам аз санги ҷасад берун намеомад. Ҳоло рӯҳи интиқомҷӯи модарам ва шаҳидони дунёнадидааш рӯҳи он- “шоҳид”-и шаҳодатамонро хафа мекунад. Аз худованд умед дорам, рӯҳи шумо, ки зиндагии маро сохта будед, низ қотилони ройу ормонатонро амон нахоҳад дод.

Модари ҷон! Ҳарфи охири модарам, падарам, бародарам ва фарзандони ҷавонмаргам, ки ҳама дар канори ҳамем дар пойи рӯҳи шумо ин аст:
Гар марг сазои мардумон омад,
Боре ту ба марг носазо будӣ.

Табсирае дар ҳошияи зиндагиномаи Саъдинисо

Саъдинисо Ҳакимова дар маҳаллаи маъруфи Пӯлотони шаҳри Конибодом ба дунё омадааст. Ин маҳалла чӣ хосияте доштааст, ки мисли Саъдиносо бисёре аз фарзандони шарафманди тоҷик дар он ҷо зода шуда тарбият ёфта ва барои ватан хизмати шоиста кардаанд.

Мо дар ин табсира дар санадҳои зиндагиномаи зиндаёд канду ков намекунем. Ҳар ки хоҳад метавонад онҳоро пайдо кунад. Китоби арзишманди Мирбобо Мирраҳим “Саъдинисо...Андешаҳо ва рӯзшумори парешони таърих бо Саъдинисо Ҳакимова”, ки нашр шудааст, дар ин замина метавонад ёригари хоҳишмандон бошад.

Ҳастии ин зани шарафманд саросар намуди мубориза, огоҳӣ, андешаварӣ, ҳушёрӣ ва амали солеҳонаю созанда ба нафъи инсон будааст. Дар тамоми зиндагии ҳушёронааш ҳеч вақт чашм ба роҳи “лутфи” коргузорони “даврон” намондааст ва ба рағми ҳамаи носипосиҳо (раъйи дуруғин ва муқобили гурӯҳе аз ҳамкасбон ва шогирдонаш дар солҳои ҳаштодуми садаи гузашта нисбати талошҳояш дар роҳи ислоҳоти соҳаи тиббӣ ҷумҳурӣ ва домгузориҳои коргузорони он рӯзгор), талхкомиҳо(ҳиҷрат ба Эрон ва солҳои ахир бемории фарсоянда) даме даст аз кор накашид ва бо диде нав ва густурда ҳамаи фарохнои вазъи сиҳатии ҷомеа, модару кӯдак ва масоили ахлоқи муосиронро ба пажӯҳиш гирифт ва то ҷое, ки тушу тавон дошт, баррасид, ковид, бозшинохт ва бозшиносонд.

Корҳои арзандаи ин зан дар китобҳое чун “Асосҳои гинекологияи эндокринологӣ”(бо ҳамқаламии К.Н. Жмакин, 1966), “Модар ва фарзандон”(бо ҳамқаламии Г.Н.Левин-1960), “Зарар ва оқибатҳои никоҳи бармаҳал”(1961), “Нақши этрогенҳо дар танзими синтези ДНК ва фаъолгардии эпителияи эндометрии митотикӣ”(1970), “Асири мустаъмара”(1998), “Танзими оила”(2004), “Ахлоқ”(2004), “Илми ахлоқ ва одоб”(бо ҳамқаламии Мирбобо Мирраҳим-2010), “Гемоглобини инсон”(2014) ва “Паталогияи молекулярии гемоглобини В-Талассемия”(2014) ва даҳҳо мақолаву гузоришот ва мусоҳибаҳову муколамаҳо ва суханрасониҳояш дар кунгураҳои дохидиву берунӣ мероси арҷманд ва пуразиши ӯст, барои миллат, эҳтиёҷмандону фарҳангпажуҳон ва табибони имрӯзу оянда.

Ин донишманди фақид ҳаргиз кореро, ки дар даст дошт, сарсарӣ намеангошт. Ҳарчанд роҳи кашфи дуруст ва дақиқи ҳақиқати илмӣ барояш ноҳамвор ва душвор буд, бо азми қавӣ дар ин ҷода қадам мениҳод ва он он ҷо, ки шуданӣ буд, ба пеш мерафт. Бар асари бархӯрдорӣ аз ду вижагии бурзурги илмӣ, яъне шакварзии ҳамешагӣ ва фурутании бузургворона, ҳеч гоҳ ҳукми қатъӣ ва ниҳоӣ содир намекард ва ҳамвора маҷоли пажуҳиши бештар ва дарёфти беҳтарро барои худ ва хонанда дастоварди пажуҳишҳояш боқӣ мегузошт. Ӯ нафаре буд, ки бар хилофи бисёре аз муосиронаш ҳаргиз саҳвҳо ва норостиҳои худ ва дигаронро пинҳон намекард. Аз айби худ ва дигаронро гуфтан парвое надошт.

Саъдинисо Ҳакимова дар нақд ва арзёбии фаъолиятҳо ва корҳои дигарон ҳеч гоҳ ба ифрот ва тафрит намегароид ва бисоти маъракагирӣ намегустард. Аз касе ҳеч гоҳ ситоиши иғроқомез ва гумроҳкунанда накардааст. Ҳеч вақт шарики ҳамлаҳо ва пардадариҳои маъмули замона ва замондорон набудааст ва дар ин замина қаламро наолудааст. Балки ҳамчун як донишманди орому борикбин, нуқтасанҷу матин ҳама чизро бармерасид ва моҳияти ҳодисаҳои мавриди назарашро дақиқ ошкор мекард. Дуруя набуд. Дар ҳақи онҳое, ки истеъдод ва пушти кор надоштанд, айбҷӯӣ ва бадгӯӣ намекард, балки рӯйирост аз саҳнаи илм меронд. Намехост шогирди норасид дошта бошад.

Донишманди фақид аз табори фарзонагоне буд, ки гавҳари ҳастии неки инсониашон дар рагу решаи фарҳанги тоҷикон равон шуда ва ҷовидон аст. Нақш ва ҷойгоҳи ин зани озода, фарҳехта, наҷиб, дарёдил ва пажӯҳишгари содиқ дар таърихи илми тиби тоҷик носутурданӣ буда, ӯ умри азизашро вақфи корҳои стург кард ва дар ҳеҷ шароите олудаи хорӣ ва ҳаққорати рӯзмарагии сиёсатбозон,фурсатталабон ва нонбанархирӯзхӯрҳо нашудааст.

Аз оғози фаъолияти амалӣ ва илмияш мустақилона ва ҷасурона гом бардошта, дар заминаи таҷриба ва кашфи омилҳои асосии пайдоиши амрози зонона муваффақ шуд. Ҳанӯз дар давраи оғози фаъолияти табибиаш дар шаҳрҳои Кӯлобу Қурғонтеппа ба мушоҳида ва табобати бемории камхунии роиҷ миёни занони ҳомиладор ва навзодон ҷиддан мутаваҷҷеҳ шуд. Таҷрибаи дар оғози фаъолияти амалиаш дар шаҳрҳои Кӯлоб, Қурӯонтеппа ва минбаъд дар Душанбе андӯхтааш имкон дод, ки ба илми момопизишкӣ гаравад ва зери раҳбарии устодаш К.Н. Жмакин ба дифои рисолаи номзадӣ(1951) ва докторӣ(1958) муваффақ шавад. Натиҷаҳои тадқиқоташро ҳанӯз соли 1966 дар Маскав нашр кард ва он ба соҳибаш шӯҳрат овард.

Нақди ҷомеъи осори илмии ин донишманд кори мутахассисони соҳа аст. Вале мо наметавонем аз муҳимтарин корҳое, ки як зан дар боби ҳифзи сиҳатии модар, кӯдак ва бақои миллат фидокорона анҷом додааст, сухан накунем.

Ӯ аввал касе буд, ки илми момодоягӣ ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи амрози занонаро бунёд ниҳод. Барои таъсиси марказҳои ҳифзи сиҳатии модару кӯдак, сохтмони зоишгоҳҳои муҷаҳҳаз ва таъмини онҳо бо мутахассисони варзида то охирин рӯзҳои фаъолияти амалияш содиқона хизмат кард. Омилҳои аслии табиӣ ва сохтаи афзоиши марги модару кӯдакро Тоҷикистон муайян ва фош карда, барои пешгирии сиёсати наслкушӣ ҷонсупориҳо намуд.

Омилҳои аслии пайдоиши бемориҳои занонаро дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ кашф ва барои пешгирии он чораҳои амалӣ андешид, ки ба беҳдошти соҳа дар ҷумҳурӣ бетаъсир набуд. Вай нафаре буд, ки бори аввал масоили танзими хонавода, насли солим ва парвариши миллатро ба миён гузошт ва дар ин замина ҳанӯз дар солҳои ҳаштодуми садаи гузашта барномаи амалро мураттаб ва пешниҳоди ҷомеа сохт. Дар ин барнома, ки минбаъд бо номи “Танзими хонавода” нашр гардид, муҳимтарин масъалаҳои марбут ба танзими хонаводаро ба миён гузошт, ки ҳадафи ниҳоии он аз хатар эмин доштани сиҳатии модар, кӯдак ва идомаи зиндагии насли солим ва неруманд буд. Ин барнома расонидани кӯмаки назарӣ ва амалиро ба ҳамаи қишрҳои ҷомеаи кишвар фаро гирифта, кӯмак ба хонаводаҳои безурёт ва таблиғи донишҳои ҳифзи сиҳатии модар ва кӯдак низ аз муҳимоти он буд. Ин дастури наҷотбахши модару кӯдак имрӯз низ ҳамчун раҳнамои ҳифзи насли солим арзиши бузурги маърифатӣ ва амалӣ дорад.

Саъдинисо Ҳакимова дар фаъолияти назарӣ ва амалиаш ҳифзи сиҳатии ҷисмонӣ ва маънавии инсон, ба хусус модарону тифлон ва наврасону ҷавононро шарти аслии ташаккули насли солим, корсоз ва амнияти ҷисмонию ахлоқии ҷомеаи миллии мо шинохта, дар ин замина рисолаҳои “Ахлоқ”(2004) ва “Илми ахлоқ ва одоб”-ро бо ҳамқаламии Мирбобо Мирраҳим(2010) таълиф намуд, ки арзиши фаровони омӯзишиву парваришӣ доранд.

Шахсияти ин ҷонсупори сиҳатии наслҳо бо ахлоқ ва саҷёи инсонӣ низ беназир буда, ба рағми ҷисми фонӣ, ки бо хоки меҳанаш дарҳам омехт, ёди шариф, хотира ва осори арзишмандаш барои абад боқӣ хоҳад монд.

Ӯ зиндаву ҷовид асту боқист ӯро ном,
Ҳаргиз наравад ёди ӯ аз хотири айём.
Нудбаи охир
Ӯ кӯҳи илм буд, ки бархост аз ҷаҳон,
Бе кӯҳ кай қарор пазирад бинои хок.
Табларза ёфт пайкари хок аз фироқи ӯ,
Ҳам марқади муқаддаси ӯ шуд шифои хок.
Эй хок бар сари фалак, охир чаро нагуфт,
К-ин чашмаи ҳаёт масозед ҷойи хок.

Кароматуллоҳи Шукруллоҳӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)