Имрӯз таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, райиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шўрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.
Зимни нишаст як қатор лоиҳаҳои қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима ва баррасии аъзоёни Шӯро қарор гирифт.Тавре Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, лоиҳаҳои қонунҳои конститутсионӣ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба қонуни конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаҳои қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбўриасалпарварӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.
Манбаъ афзуд, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Сайиди Ёқубзод, Сафаралӣ Раҷабов, муовини раиси кумитаи ин мақоми олии қонунгузор Галия Рабиева ва дигар аъзои Шўро роҷеъ ба масъалаҳои ба Шўро воридгардида фикру андешаҳои худро иброз дошта, таъкид намуданд, ки лоиҳаҳои қонунҳои мазкур бо мақсади рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат ва беҳтар гардидани вазъи некўаҳволии аҳолӣ равона гардидаанд. {jathumbnail off}
Мӯҳр