Бахшҳо
02 ноя 2015 17:06Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Паёмҳои солимӣ аз ТСЕЛЛ ба занон: Аз тарзи синамаконӣ то танзими оила...

Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ дар якҷоягӣ бо ширкати “Tcell” хизматрасонии аввалин оид ба фиристонидани паёмҳои солимиро дар Тоҷикистон оғоз кард, ки (mHealth-mobile Health) ном дошта, мақсадаш огоҳ кардани занони дорои кудаки навзод ва ҳомиладор дар бораи солимии кӯдак ва ғизогирӣ мебошад.

Лоиҳаи мазкур имрӯз 2 ноябр бо иштироки Лола Бобоҳоҷива, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, хонум Лесли Ҳейдн, иҷрокунандаи муваққатии вазифаи сафири ИМА дар Тоҷикистон, Миндаугас Убартас, директори генералии Tcell ва Ҷаноби Рамеш Сингх, роҳбари ташкилоти Ҳайати Шафқат дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

Зимни муаррифии лоиҳа зикр шуд, ки ин шакли хизматрасонӣ инноватсинӣ буда, технологияи мобилиро истифода мебарад ва оид ба тандурустӣ ба зананон ва оилаи онҳо ба воситаи паёмҳои матнӣ, сабтҳои овозӣ, рақами боваринок барои пурсидани саволҳои иловагӣ вобаста ба ҳолати саломатӣ ва ғизогирӣ маълумоти муҳимро мерасонад. Гуфта шуд, хизматрасонӣ нахуст дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон роҳандозӣ шуда, дар марҳалаи аввал 5000 зани синну соли қобили таваллуд, махсусан занони ҳомиладор ва модарони кӯдаки синни то 2 сола дошта ба қайд гирифта мешавад. Тибқи хизматрасонии паёмҳои солимӣ ҳар як зан ҳафтае дар телефони мобилии худ оид ба мавзӯъҳои “таҷрибаҳои дурусти синамаконӣ”, “ғизодиҳии тифлон ва кӯдакони хурдсол”, “ғизои умумӣ” ва “усулҳои танзими оила” ду паёмро қабул мекунанд.

Лола Бобоҳоҷива, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон бо изҳори ташаккур аз ташкилкунандагони ин лоиҳа ва истиқбол аз он гуфт, хизматрасонии фиристонидани паёмҳои солимӣ бори нахуст дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад. Номбурда гуфт, тавассути чунин лоиҳаҳо модарон оид ба солимии кӯдак, тарзи ғизодиҳӣ ба онро меомӯзанд, ки боиси паст кардани сатҳи фавти модару кӯдак дар кишвар мегардад.

Хонум Лесли Ҳейдн, иҷрокунандаи муваққатии вазифаи сафири ИМА дар Тоҷикистон ин шакли хизматрасониро намунаи муҳими ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонда, гуфт, дастовардҳои мусбат тавассути чунин ҳамкориҳо бештар имконпазир аст. Инчунин зимни муаррифии хизматрасонии паёмҳои саломатӣ, Ҷаноби Рамеш Сингх, роҳбари ташкилоти Ҳайати Шафқат дар Тоҷикистон гуфт, ташкилоти Ҳайати Шафқат дар 12 ноҳияи Хатлон кор мекунад, ки 1000 волонтёр омода кардааст, ки барои тарғиби ҳаёти солим махсусан миёни занон нақши муассир доранд. Ӯ гуфт, хизматрасонии мазкур ба он хотир аввал дар ноҳияи Бохтар шурӯъ шуд, ки тибқи оморҳо дар ин ноҳия фавти кудакон зиёд ба назар мерасад. Ба гуфти ташкилкунандагони лоиҳа, чунин хизматрасониҳоро минбаъд низ бо иштироки донорҳои дигар дар навоҳии дигар низ роҳандозӣ хоҳанд кард. Ва дар охир зикр шуд, роҳандозии чунин лоиҳаҳо дар Соли оила, як қадами дигаре барои нигоҳдорӣ ва бунёди оилаи солим хоҳад буд.
Мӯҳр
Барои бачахои нав зан мегирифтагиям ягончи шавад. ))))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)