Бахшҳо

Боздошти адвокати дигари “Сипар”: Барои 10 ҳазор $ “ҳаққи Суди Олӣ”

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти вакили дифоъ-Додаҷонова Дилбар Муҳидиновна, узви Коллегияи адвокатҳои «Сипар» хабар дод, ки дар қаллобӣ муттаҳам мешавад.

Тибқи иттилоияи Оҷонсӣ, Додаҷонова бо мақсади дар марҳилаи назоратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намудани баҳси шаҳрвандӣ вобаста ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ, аз шаҳрванд «М» маблағӣ пулии 10 000 доллари амрикоӣ гуё ҳамчун ҳаққи хизмати судияҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намудааст: “Ӯ санаи 26 октябри соли 2015 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷуӣ дар кӯчаи Зафари ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳангоми гирифтани маблағи 5800 доллари амрикоӣ ва 1000 сомонӣ аз шаҳрванд «М» дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, маблағҳои мазкур ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуданд”.

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, нисбати Додаҷонова бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и Кодекси ҷиноӣ-яъне тасарруфи молу мулки ғайр бо истифодаи мақоми хизматӣ ва расонидани зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Боздошти узви коллегияи адвокатҳои “Сипар” дар ҳолест, ки қаблан раиси ин коллегия Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми қаллобию сохтакорӣ боздошт шуда буд.
Мӯҳр
Ба маълумоти Очосии зидди фасод мерасонем, ки дугонаи ин зан дар нохияи Исфара , хохиш мекнем аз кирдори ин зани машхур бехабар намонед

АГАР ИН ХЕЛ БОШАД МАКОМОТИ АДВАКАТУРАРО БАНДЕД МАРДУМРО ГОВСУД КУНЕД. ЧАРО ЯГОН ПРОКУРОР Ё СУДЯ БА ДАСТ НАМЕАФТАД. МАГАР ОНХО ХАЛОЛХУРАНД Ё МОШИНХОИ ГАРОНАРЗИШУ ХОНАХОИ ДУОШЁНАИ ОНХО А3 ПУЛИ РАХМАТИИ ПАДАРОНАШОН АСТ.

Салом
Авокатшикор сар шудааст, ки ин вакилон ин кадар бепарвойона кор мекардиян, да! Офарин очонси маоши коргарора хамин хел метони барори!

Пир шудай иншам ози ай тактикахои кухна истифода бурдай ха бад наход кампир ихе кна .... Koroi operativii nagz Xdo hamai rishva giroda nasib kna ...

98
значит судя доля доштааст де?

Чамшеди Халим
Шикори муллохо тамом шуд дигар мулло намонд... боз адвокатшикор саршуд бо рохи тухмат. Кучо шуд ин давтати демократию хукукбунёд ба ин рузатон ба фикрам ин давлати хукукбунёд нею ХУКУКПОЙМОЛКУНАНДА аст))))...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)