Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 20 феврал 2018, 12:33

Ваъдаи Бег Сабур барои дастрас кардани сомонаҳои “Озодагон”

3 ноябр 2015, 17:33

Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, мегӯяд, дар доираи салоҳияти худ кӯшиш мекунад, дастрасӣ ба сомонаҳои хабаргузории “Озодагон”-ро ҳар чӣ зудтар фароҳам кунад.

Бег Сабур бо мактуби расмӣ ба дархости хабаргузории “Озодагон” оид ба сабабҳои масдуд шудани сомонаҳои хабаргузорӣ посух дода, изҳор доштааст, ки “сомонаҳои интернетӣ танҳо ҳангоми нашри маводи паҳнкунияшон мувофиқи талаботи ҳалномаҳои Суди Олии Тоҷикистон манъшуда, баста мешаванд”.

Ӯ афзудааст, ки “дар дигар ҳолатҳо баста шудани сомонаҳо ба Хадамоти алоқа рабт надошта, бо мақсади гузаронидани корҳои профилактикӣ, бартарафкунии оқибатҳои садамаҳои шабакавӣ, ивази таҷҳизот, хомӯшшавии қувваи барқ дар дигар ҳолатҳои ҳаммонанд ба миён меоянд. Ҳамзамон Хадамоти алоқа барои ҳар чӣ зудтар дастрас шудани сайтҳои муассисаи “Хабаргузории “Озодагон” дар доираи салоҳияти худ кӯшиш ба харҷ медиҳад”.

Дастрасӣ ба сомонаи “Озодагон”, ки аввали моҳи октябр маҳдуд гардид, ахиран аз ҷониби бисёре аз фароҳамкунандаҳои интернет дар кишвар дубора барқарор шуд, аммо қисми дигаре аз интернетрасонҳо ҳанӯз ҳам сомонаҳои хабаргузории “Озодагон”-ро масдуд нигоҳ доштаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • сабур

  • 17 ноябр 2015 21:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин ранги Бетмен бошад??

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!