Ҷазои Фарҳод Восиев барои таҳқири довари эронӣ
Кумитаи интизомии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), Фарҳод Восиев, ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистонро барои таҳқири довар ҷазо додааст.
Бо қарори ФИФА Восиев, бозигари дастаи “Газовик” – и Оренбург ва ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз ҳаққи иштирок дар чор бозии дастаи мунтахаб маҳрум гардид.
Ба иттилои манбаъ Фарҳод Восиев дар бозии даври панҷуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 миёни дастаҳои мунтахаби миллии Қирғизистону Тоҷикистон, ки 8 октябр баргузор шудааст, довари эрониро барои таъини зарбаи 11 метрӣ таҳқир кардааст.
Дар ин бозӣ, ки бо ҳисоби 2:2 дар Бишкек анҷом ёфта буд, Фарҳод Восиев дар дақиқаҳои иловагӣ (90+6) – барои рафтори ғайриварзишӣ корти сурх гирифта, аз бозӣ хориҷ гардида буд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, Восиев ба далели ин қазия дар бозӣ бо мунтахаби Урдун ширкат накард ва инчунин дар се бозии дигари тими миллии Тоҷикистон - бо Бангладеш (12 октября), Австралия (24 март) ва Қирғизистон (29 март) иштирок намекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |