Бахшҳо
09 ноя 2015 11:12Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Эълони 25 000 сомонӣ ҷоиза барои беҳтарин сенарияи ҷашни 25-солагии Истиқлолият

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои пайдо намудани беҳтарин сенарияи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни байналмилалӣ эълон кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Убайдуллоев барои ғолиби озмун 25 ҳазор сомонӣ ҷоиза таъин кардааст.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе мегӯяд, озмун бо мақсади дар сатҳи баланди муосири бадеӣ ва ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 9 ноябр оғоз гардида то 19 декабри соли ҷорӣ идома хоҳад кард. Ба иттилои манбаъ дар озмун ба ғайр аз шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ низ метавонанд иштирок кунанд.

Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ илова намуд, ки таҷлили 25-солагии Истиқлоли Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии пойтахт барпо гардида, сенарияи барномаи фарҳангии театришуда, бояд 1,5 соат идома кунад.
Мӯҳр
Кохи миллат
Чихели истиклолият?какой истиклолият? Истиклолият дар бечорагиву гуломи истиклолият дар ришваву фасод истиклолият дар чи????

Ванатдор
25 хазор сосонира дар як камбагал бтен хуб намеша пули миллата бехуда сарф накунен барои гани кардани бучаи даввлат 1 милон мухочир талош дорад хатто чанашонрохам аз даст медиханд инкадар бе инсоф нашавед.чанобон

Darvesh
Muhtaram kormandoni maqomoti Shahri!!!!
Baroii chi 1 joiza 3700$ budaastu baroi bozdoshti 1 jinoyatkor
10000$ ??????? Ana senariyai nagz !!!!!!!!!!!!!

рузноманигор
Раиси мухтарам ба истикболи 25 солаги якчанд рузноманигору кучарубу дигар бехонахоро бо манзили истикомати таъмин мекардед,мешуд бехтарин сенария. Шарт аст, бехтарину чолибтарин гуфта, баъдан баъди чашн корхои кардагиатон мисли "Харбузаи Алимардонов" шикоф пайдо карда, об чаконад

зимистон дар пеш дар хонахои пойтахт печка монда ТАПАК аловкарда нашава ооо оби гарму отопление кай мешида боша

domodi nahsatiho
Як чоизаи хуби дигар барои бехтарини бехтарин идеяхои ташкили чойхои нави кори е зиедшавии истехсолоти ватани эълон кардан даркор!!! Ин раку бозихо хубанду лекин иктисодиету истехсолот ро баландтар бардоштани даркор

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)