Бахшҳо
12 ноя 2015 11:28Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Пулиси рус Хуршеди 29-соларо дар Внуково ба роҳи охират гусел кардааст (ВИДЕО)

Раёсати кумитаи тафтишотии Русия дар умури нақлиёт марги Хуршед Отанбеков, шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистонро, ки баъди бозпурсии пулис аз “эстакада”-и 7 метрӣ сарозер шудааст, таҳқиқ хоҳад кард.

Дар ин бора Кумитаи тафтишотии Русия дар сомонааш иттилоъ додааст.

Тибқи иттилои мақомоти умури дохилии Русия маъмурини пулис тақрибан соати 18:00-и 11 ноябр дар фурудгоҳи Внуково шаҳрванди Тоҷикистонро барои санҷиши ҳуҷҷатҳо нигоҳ доштаанд: “Баъди санҷиш муайян шудааст, ки ҳуҷҷатҳои шаҳрванди Тоҷикистон дурустанд ва ӯ дар пайгард қарор надорад”.

Тибқи иттилои мақомоти дохилии Русия Отанбеков гуфтааст, нияти парвоз ба Ватанро дораду ҷои фурӯши чиптаҳоро пурсидааст: “Маъмурини пулис ӯро ба ҷои фурӯши чиптаҳо гусел кардаанд, аммо дар роҳ ҷавони тоҷик ба тарафи рост фирор карда, аз баландии 7 метрӣ паридаст”.

Ба иттилои манбаъ дар пайи бардоштани ҷароҳатҳои вазнин Хуршед Отанбеков тақрибан 18:37 дақиқа дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.

Расонаҳои русӣ қаблан Хуршед Отанбековро ваҳҳобӣ хонда, афзуданд, ки аз кисааш адабиёти ифротӣ дарёфт шудааст. Аммо Вазорати умури дохилии Русия ин иддаоро рад карда, таъкид намудааст, ки дар кисаи ҷавони марҳуми тоҷик дастурамали оддии намозгузорӣ дарёфт шудааст: “Феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад”.


Мӯҳр
Дар Россия моро милисахои рус мекушанд, дар Точикстон бошад харбиёни рус мекушанд. Ин чи рузи сиёх аст?
пагондори мову кудаки панчмохаи моро мекушанд у мо коре карда наметонем. Ин бадбахти аст.

Карим
Эй вой вой точик вой бесохиби вой . Точик не кадраш монд не обруяш монд. Шармандаи дунё шуд точик бекадртарин мардуми дунё шуд точик бесохибтарин миллати дунё шуд.

в
Рузи мардуми бесохиб хамин аст.

Van
Хукумати хамин хел хомуш бошад кадом руз 201 дивизия тухми точикро аз Точикистон пок мекунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)