Бахшҳо

Дастур: Ҷойҳои намозгузориро дар Душанбе давлатӣ мекунанд

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дастур додааст, биноҳои ҷойҳои ҷамъиятии шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт, ки аксаран чун ҷойи намозгузорӣ истифода мешаванд, барои ташкили ҷойҳои нави корӣ истифода гарданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ Убайдуллоев ба раисони 4 ноҳияи пойтахт дастур додаст, бинои ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки аксаран ғайримақсаднок истифода мешаванд, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, марказҳои омӯзиши технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ, фарҳангию фароғатӣ, ташкили корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, ҷойгиркунии муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи ҳуқуқ кор бурда шаванд.

Убайдуллоев афзудааст, ки биноҳои ҷойҳои ҷамъиятӣ тариқи муроҷиат ба суд ба моликияти давлат ворид гарданд. Ӯ таъкид кардааст, ки баъди қувваи қонунӣ гирифтани санадҳои судӣ мақомоти дахлдори шаҳрӣ биноҳоро бо риояи талаботи сохтмонӣ, санитарӣ-эпидемиологӣ ва зидди сӯхтор таъмиру таҷдид намуда, истифодабарии мақсадноки онҳоро ба роҳ монанд.

Раиси Душанбе илова намудааст, ки бино ва иншооти ғайриқонунӣ сохташуда ва ба меъёрҳо ҷавобгӯнабуда бартараф карда шаванд. Убайдуллоев муовини худ Ҷамила Лангариеваро масъули иҷрои ин қарор таъин кардааст.
Мӯҳр
Султон
Аз Бекори Каду кори...
Бовар кунед Айбаст...

Шахрванд
Мегуфтанд Убайдуллоев намозхон асту аз байнашон аз хама мусалмонашон хам хамин аст.
Вокиан рузи киёмат наздик аст..

Нассор
Ки мусаламонай?

салом бар халки бонангу гурури точик. вокеан хеле чои хасрат аст ки имруз масчидхо моликияти давлат шуда истодааст охир масчид хонаи Худо аст хеч кас хак надорад онро махкам ё бекор кунад боз ин раиси мухтарами мо чойхои бефоида гуфта ном бурда истодааст магар Муфтии мо инро намебинад ки ба ин раисои мо хукми ислому масчида фахмонад.Аз Аллох тарсед эй раисон ба Худо хеле пушаймон мешавед як руз да пеши Аллох чи хохед гуфт.озодагон суханхои моро хам чоп кун мо хам хукуки гуфтан дорем конун хукуки озодии баёни моро кафолат додаст. Худо нигахбони милат бошад ва Милати мохамин тинчию оромиша то охир нигах дорад омин.

Мурочиати ман ба Хукумат Шумо корхое кунед,ки
Мардум Нисбати шумо Ехтиром дошта бошад

98%_Мусалмон хастан Мардумро ба Худатон душман мекунед Шумо корхое кунед,ки Ба мардум осони биёред,ки Зиндагияшона Хуб гузаронан..

МЕЛДО
Масчит ягона чои мукадасест ки бештари чавононро аз райи шайтон мегардонад. .ОФАРИН ХОКИМОНИ ТОЧИК......

Ситора
Мухтарам Раис М Убайдулоев Ин Масчидхое дар Ш Душанбе хастанд на аз пули Хукумат обод кардаги мебошанд на аз пули шумо Хамааш аз пули Халк мебошад Илтимос чоп кунед

Салом бародарон мусалмон имруз бинед путин да масква баройи мусалмоно масчид сохт путинеки давойи мусалмони надорад иночи?

Асад убайди
Вой вой бар шумо

Фирдавс
Мухтарам раис Шумо бачои масчид намешуд ки чойхои фиску фучурро махкам мекардед ки мардум аз рохи бад гарданд!!!

точик
ин кадар худтона мусулмон мегиред! садхо нафар Дао кучахо дар ин сарди дар куча хобанд. ку ягонтаи шумо ба онхо кумак кунед! мусалмонии шумо хама дар забон аст. хукумат хубтон мекнад. лачоми шуморо накашад мо ба афгонистони дуввум табдил меебем

Дар Маскав ман мушохида кардам кариб дар хар як куча Церковь хаст ё ин ки сохтумонаш рафта истодааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)