Бахшҳо

Писари Оқохони IV дар Душанбе Оҷонсии нав мекушояд

Шоҳзода Ҳусайн, фарзанди саввуми Оқохони IV, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон бо сафари серӯза дар Тоҷикистон қарор дорад.

Тавре аз Бунёди Оқохон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, сафари Шоҳзода Ҳусайн аз 16 то 18 ноябр идома хоҳад кард: “Ӯ дар маросими ташкили Оҷонсии нави Оқохон дар умури муҳити зист иштирок хоҳад кард. Фаъолияти Оҷонсии нави Оқохон ба ҳифзи мардум аз офатҳои табиӣ ва муҳайё кардани муҳити зисти бехатар барои сокинон равона хоҳад шуд”.

Мусоҳиби “Озодагон” афзуд, ки Оҷонсии нав тавассути фароҳам овардани шароитҳои молию иҷтимоӣ барои беҳбуди муҳити зисти мардуми Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Манбаъ илова кард, ки сафари Шоҳзода ба навоҳии Тоҷикистон ва мулоқоташ бо намояндагони давлатӣ дар назар нест.

Шоҳзода Ҳусайн донишомӯхтаи Академияи Дирфилд буда, соли 1997 коллеҷи Виллиамзро низ хатм кардааст. Ӯ дар бахши фарҳангии Бунёди Оқохон оид ба рушд кор кардааст. Соли 2004 аз Донишгоҳи Колумбия дар риштаи умури байналмилал фориғ шудааст. Пас аз ин ба ҳайси масъули роҳандозии барномаҳои муҳити зисти Бунёди Оқохон фаъолият кардааст.

Роҳандозии Оҷонсии нави Оқохон оид ба муҳити зист дар ҳолест, ки офатҳои табии соли равон дар Тоҷикистон даҳҳо кушта ва садҳо миллион сомонӣ хисорот дар пай оварданд.
Мӯҳр
Сухроб
Ин Писари Охохон 4 Ташкили Очонсиро хеч гох ба манфиати Халки Точик намекунад Мисли Амрико 1 медихад 100 мегирад

Сухроб,
Суҳроб худат ба мардуми шарифи Тоҷикистон чи кардаи,ки як шахси кумакрасонро,ки дар роҳи Худо ба мисли Падари Бузургвораш,албатта бо рахнамоии У,ба мардуми камбизоати Тоҷикистон кумак мекунад,ба ноҳақ туҳмат мекуни?! Нисбат ба туҳмати ноҳақ кардан ба як шахсияти Ҷахони илму ҳунаре омуз ва Ватанро бе дастнигари ба дигарон оброд намо,на ғайбатчинӣ.........

Фонӣ
Аз ин оғохонзодаву зодаҳо эҳтиёт бояд кард.
Ҳукумати тожикистан акнун фаҳмосос чи хатоги бузурге кардос иноя сентри шазран ба ҷо додагиш ба.

Мардуми покдили Бадахшон набояд ки фирефтаи дуруғҳо шаванд.

Рустам.
сухроб бародари азиз чи аст дар Точикистон ки У мегирад аз мо? Шояд бас кунед ин тухмату бухтонро Мо Точикон бисьер хислати бад дорем ин бадгумони аст. Ман шахсан бар у ахсан мегуям бо икдомаш хар катраи ердам бар миллат аст.

Сухроб аз ту ва тубаринхо 0000,1 хам гирифтан намешавад, бепарво бош...

Рустам
Сухроб,
Сухроб, Огохон 22 сол ба Точикистон кумак мекунад ва харсола миллионхо доллар сарф мекунад. Ку бугу, чи чизе бар ивази кумакаш аз ин мулк гирифтааст? Инсоф кунед, инсоф шарти мусулмони ва чавонмарди аст. Ва дуругу бадгумони торикии имон.

Рустам
Сухроб, Ое Точикистон дорад амволе ки онро бигиранд.? То ба кай ин хислати гайриинсониро дур намекунед аз худ?Хар чи ки Окохон 4 мекунад ба манфиати точикон ва давлати точикон.

Мухочир
Рустам, ягончиз набурдааст , ба гайр аз Лаъли Бадахшон, аз хама калонтарин Рубин дар дасти Огохон аст, барои чи инашро намегуед, бар ивази миллионхояш миллиардхоямонро бурдааст!!!

Эй Муҳоҷир, эй Муҳоҷир аҷаб бесаводу аҷаб бесаводӣ зеро намедонӣ,ки рубину лаъли Тоҷикистон моликияти истисноии давлату миллати Тоҷикистон аст ва Волоҳазрат Оғохон,ки шахсияти Байналмилаллист,Обрую эътибори Аҷдодии Худро,аз он,чи ки Тую ман бо саводи пучамон қиёси бедалил мекунем.Шумо бояд ҳакиккатан ҳам бояд бидонед,ки эшон ба ин корҳо даст намезанад ва арзиши ҷони инсонҳо барои Волоҳазрат болотар аз он рубинҳои худат гуфтаги аст.Волоҳазрат чун Шоҳзодаи Ҷаҳони Ислом ба Дунё омада зарурияти ба мисли ману Шумо ба азхуд кардани моли касе ё миллату давлате надоранд.Волоҳазрат Оғохон ҳар сол барои рушди соҳаи маорифу тандурустии ҶТ беш аз сад миллион доллар сарф мекунад,ки ин барои таёр кардани кадрҳои соҳибихтисосси маҳалли,хариди таҳҷизоти тибби,таёр кардани кормандони соҳаи илму маориф ва кумак ба марказҳои тибби ва бемористон ва дигар корҳои хайрияви мебошад.Худо хайрашонро афзун кунад ва ба мою шумо Ақлу Имону Амали Солеҳе аъто фармояд!

Фонӣ,
Фониё аҷаб ғалат фикр мекуни,ин аз бесаводию каммаълумотии туст бародари ҳаммиллатам!Худат бузургтари дар илм ё Ҷаноби Оли Муҳтарам Эмомали Раҳмон,ё худат Исломро хуб меҳфаҳми ё Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода,ки Маркази Фарҳанги Исмоилияи Душанберо ба монанди Волоҳазрат Оғохон чун пул(купуруки)и робитаҳои ҳасанаи байни мардуми шарифи Тоҷикистон ва мазоҳибу миллатҳои он ном ниҳодаанд.Илм бояд омухт,ки ба ин корҳо сарфаҳм рави.Чунин гуфта Пайғамбари ростгуӣ,Зи гавҳора то гур Дониш биҷуӣ!

зафарбек
бахси шумо бо ОГОХОН ВА НИЁГОНАШ бахси язид бо АХЛИ БАЙТ аст. окибати шумо дииш ё толибон яъне фашизм дар ислом

бечора сухроби дуругин!! шумо бечораю кашшокхо чи доред ки ОКОХОН 100 ашро гирад.??????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)