Бахшҳо

Ш.Раҳимҷон ба прокурор: Хостам овозаи талоқи Фарзонаю Фариддунро рад кунам

Шоираи Раҳимҷон, рӯзноманигори тоҷик, ки нашри аксҳояш аз гаҳворабандони Закия-духтари 5-моҳаи Фарзона ва Фариддуни Хуршед баҳсбарангез шуд, мегӯяд чунин сурат гирифтани корро ҳеч намехост.

Ш.Раҳимҷон дар саҳифаи интернетияш навиштааст, ки баъди нашри аксҳо аз сӯи масъулини додситонии ноҳияи Сино мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст. Ӯ мегӯяд, ба суол дар бораи сабаби нашри аксҳо изҳор доштааст, ки бо ин мехостааст, овозаҳои бардурӯғи талоқи Фарзонаю Фариддуни Хуршедро рад кунад: “Ва ҳам хостам, ки хушбахтии онҳоро ҳамроҳ бубинем”.

Дар идома Шоира аз замона интиқод намудааст, ки “дигар аз гузоштани аксҳои худам хавф дорам”.

Қаблан Шоираи Раҳимҷон, рӯзноманигори тоҷик аксҳо аз маросими гаҳворабандони Закия, духтари Фариддун ва Фарзонаи Хуршедро дар сафҳаи фейсбукияш нашр карда, дар шарҳи он изҳор дошт, ки маҳфили гаҳворабандон якҷоя бо хатнатӯйи Умед Негматов гузаронда шудааст. Дар пайи нашри аксҳо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои кишвар Фариддуну Фарзонаи Хуршедро дар нақзи қонуни танзим муттаҳам кард, чун тибқи қонун гузарондани гаҳворабандон дар тарабхона манъ аст.

Аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ба “Озодагон” хабар дода буданд, ки Фаридуни Хуршед, овозхони маъруфи тоҷикро дар робита ба гаҳворабандони духтари навзодаш-Закия мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.

Фариддуни Хуршед, ҳамсари Фарзонаи Хуршед дар суҳбат бо масъулини танзими расму анъана нақзи қонунро рад карда, изҳор доштааст, ки маросими гаҳворабандонро дар доираи хатнатӯйи наврасони дигар баргузор кардаанд. Манбаи “Озодагон” гуфт, феълан таҳқиқи қазия идома дорад ва бо эҳтимоли зиёд Фарзонаю Фариддуни Хуршед барои нақзи қонуни танзми ҷарима хоҳанд шуд.


Ш.Раҳимҷон ба прокурор: Хостам овозаи талоқи Фарзонаю Фариддунро рад кунам

Ш.Раҳимҷон ба прокурор: Хостам овозаи талоқи Фарзонаю Фариддунро рад кунам

Ш.Раҳимҷон ба прокурор: Хостам овозаи талоқи Фарзонаю Фариддунро рад кунам

Ш.Раҳимҷон ба прокурор: Хостам овозаи талоқи Фарзонаю Фариддунро рад кунам

Ш.Раҳимҷон ба прокурор: Хостам овозаи талоқи Фарзонаю Фариддунро рад кунам
Мӯҳр
Шавхари Фарзонаи Хуршед на Хамсар эй бесаводооооо!!!!!!Хахаха

[b]карим[
Хамсар ба харду тааллук дорад. Хамсар онхоеро гуянд, ки дар як болин сар мегузоранд. Аслан гирем, зану шавхарро дар якчояги хамсар мегуянд, дар алохидаги зан ва шавхар. Ба фикри ман хамин тавр, боз намедонам. Шояд дигарон шархе дошта бошанд.
Дар лугати точики-руси тарчума ин тавр омада:
Хамсар:
1. супруг, супруга
2. кн. равный, ровня
Пример:
ҳамсар шудан - стать мужем, стать женой, жениться, выйти замуж[b]карим[/b],

Муштари
карим,
Мумкин" хамсар" бошад, мо аз кучо медонем? :)
Баъдан, ин Фаридун чи хел "овозхони маъруф" будааст, ки бисёрихо нав фахмиданд, ки чунин овозхон хам будааст?

Хушдил
Ба ҷои он ки аз хатои имлои ҳарф мезани хуб мешуд ки ба қонуни танзим назар меандохти. Гаҳворабандон дар ягон ҷои қонуни танзим наомадааст танҳо дар дохили оила бояд гузарад аз ин хотир бояд ҷарима карда шавад

Кулоби
дар ин кризис хофизхо аз худ рафтаанд ва бояд чарима шаванд. Пули бедарди миена чамь карда намедонанд ба кучо сарф кунанд. Ман пешниход мекардам,ки хамаи мошинхои сарояндагони туйрав ва туйхур фурухта шуда , маблаги чамьомада ба хисоби НБО и Рогун ирсол дода шавад е 20 000$ гузаронанд.

Муслим
Завча менависте, неке ай хандара мекуште)))

Фаридун
Фаридун ва Фарзона хар ду Шоираи Рахимчонро чазо диханд, чунки сирри ин хонаводаро хамин бонуи шеърнавис бо гузоштани аксхо дар фейсбукаш фош кардааст. Нисфи чаримаро Шоира супорад, чи кор дорад ба туйи як каси дигар........ Кадом резу ин бонуи аклак сарашро мехурад, ..

олим
ду бесавод баҳси имлои доранд. ҳамсар дуруст аст урод!

Намешуд хамун одамхо нависанд. Фарзона. Чанд пишак дорад у чанд саг.. Бад. Кадом пишакаш кай мезояд?

Бечораи Фарзона хам нон медиханду хам исён мехаранд. Ин овозхонони беакл хамеша шатта мехуранд. Кай акли шумо овозхонхо медарояд??? подальше от греха, мой вам бесплатный совет. Сипос, Озодагон, пешопеш барои нашр ва барои матлаби чолиб. Ва саранчом, ба Фаридун ва Фарзона хушбахтихои бепоён орзу мекунаму як суол дорам:- Номи духтари шумо чи маъни дорад? Хуб мебуд. номи точикона мегузоштед. Барои духтарчаи шумо умри дарзи бегам мехохам.

чтоб
озодагон сарлавхаи хабар, бо хабар номувофик аст.Кариб дар хамаи сарлавхахоятон хамин тавр.

Мукарам
Шоираи рахимчон коратонро кардед. Боз бо онхо рафту омад мекунед???

in fariddun kadom nakhoid zani az khud kalonkati izdivoj kuni

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)