Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 ноябр 2017, 02:24

“Миллиардҳои бачаҳои мо дар офшор”: Суоли Ғаффоров, посухи раиси БМ ва ҳушдори Зуҳуров

19 ноябр 2015, 12:14

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, интиқоли маблағҳо аз Тоҷикистон ба хориҷ зери назорати қатъист.

Нурмуҳаммадзода 18 ноябр дар посух ба суоли вакили парлумон, Абдуҳалим Ғаффоров дар мавриди маблағи шаҳрвандони кишвар дар минтақаҳои офшорӣ изҳор дошт, ки “дар Бонки Миллӣ Департаменти мониторинги молиявӣ гардиши пулҳоро назорат мекунад. Маблағҳое, ки берун мераванд бо боварии том гуфта метавонам, ки таҳти назорати доимӣ қарор доранд”.

Дар пайи ин изҳороти раиси Бонки Миллӣ, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон суол гузошт, ки “оё маълумот дорем, ки чанд миллион пули бачаҳои мо дар берун асту намехоҳанд, ин ҷо биёранду сарф кунанду як чиз барои бачаҳояшон монад?”

Раиси Бонки Миллӣ посух дод, ки чунин иттилоъро надоранд ва ишора ба сирри бонкӣ намуд.

Аммо Шукурҷон Зуҳуров надоштани чунин иттилоъро бад хонда, онро камбуди кор донист: “Ин бад аст, пас кор нест. Ҳама ба воситаи бонк мегузарад, пулро бо ҷомадон бурда наметавонанд. Мо бояд донем, албатта ҷанбаҳои махфӣ ҳаст, аммо бояд таҳлилу ҳисоб кунем, ки чаро берун мебаранд”.

Зуҳуров аз афви амвол зикр карда, таъкид намуд, ки сармоядорҳои тоҷик натарсанд, амволро кушоянду ба фоидаи Ватан истифода кунанд. Ӯ бо зикри вазъи феълӣ дар ҷаҳон ҳушдор дод, ки имкони маҳрум мондан аз маблағҳо дар бонкҳои хориҷӣ низ зиёд аст. Ӯ қазияи таҳримҳои Русияро мисол овард, ки махфияти бонкӣ бепоя шуду суратҳисобҳои тоҷирони Русия дар хориҷ баста шуданд: “Бизнесменҳо наметавонанд пулҳояшонро гиранд”.

Раиси Маҷлиси намояндагон дар замони муосир, ки гуфтушунидҳои махфии хадамоти махсус интишор шуда истодаанд, махфӣ мондани маблағҳоро дар хориҷ ғайриимкон хонд: “Бояд таҳлил шавад. Ба мақсади он, не, ки як касро ёбем, ки пул доштаст. Ҳадаф бигзор дар Ватан сармоягузорӣ кунаду фоида гирад. Масалан дар бонки Шумо агар гузоранд, 16 фоиз фоида мегирад, аммо дар хориҷ ин нишондод 0,5-3 фоиз аст”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Парламент

  • 19 ноябр 2015 12:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин гапҳо ҳама дурӯғ аст то вақте ҳукумат мекунад.
Посух додан
  • СИТОРА

  • 19 ноябр 2015 12:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МУХТАРАМ РАИС ШУМО ФИКР МЕКУНЕД КИ ХОЗИРХАМ МАРДУМ МАРДУМИ СОЛХОИ 1992 Й 1995 ХАСТАНД ХАТО МЕКУНЕД Хамаи Вазирон ДАР БОНКИ Шведсария Маблахи зийд доранд ИНРО ХАМА МЕДОНАНД ИЛТИМОС ЧОП КУНЕД
Посух додан
  • с

  • 19 ноябр 2015 13:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Нурмахмадзода бо боварии том гуфта метонум, ки маълумот надорен...и дошта хам наметонен. Ку як бор бардрпе лар бонктон ку чанд каса суратхисобша медонед?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Илтимос Ба Суханхову Конунхоятон Амалкнен Халкро Фреб Накнен Киемада Хакикатро Интизорем .Бохтиром Миллатдусдор
Посух додан
  • мухочир

  • 19 ноябр 2015 14:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
100 фоиз пули дар офшор буда хамон маблагхои худи мансабдорон д. Ончо ягон нафаре аз мардуми одди пул надоранд. Тамоми он карзу квола ва ёрихои гуманитариву грантхое ки ба номи миллати точик меоянд баргаша ба офшор ба суратхисоби шахсони ба тамоми чумхури маълум мераванд. Карзхоро бошад боз хамин мардуми оддии точик хохад супорид.
Посух додан
  • a

  • 19 ноябр 2015 15:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
pish az enke mardum ro dawat mikunid ke sarmoiae xudro ba watan beiorand mesle Zayd said va degaron frib xuran awal shumo reason va kormandon dewlat xudaton che nawe gare kardid ???????
Посух додан
  • Абдуллох

  • 19 ноябр 2015 16:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аввал худатон Хамон пулхоятонро дар банкхои точикистон монед баъд мардум мемонанд!
Посух додан
  • Бизнесмен

  • 19 ноябр 2015 19:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мо бизнесмен хо агар пулу бизнесамонро ба Точикистон барем хам аз пулу хам аз бизнесамон. мемонем
Посух додан
  • Dev

  • 20 ноябр 2015 00:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
“оё маълумот дорем, ки чанд миллион пули бачаҳои мо дар берун асту намехоҳанд, ин ҷо биёранду сарф кунанду як чиз барои бачаҳояшон монад?”???
ajab gaphoi shavkovar mezaned rais! fikr mekuned dar dohil ba bachaho(farzandon) chize memonad? j
Посух додан
  • Рейдалибек

  • 20 ноябр 2015 06:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бачахои мо набудагист, писархои калоншавандахо будагист?
Посух додан
  • Беақл

  • 22 ноябр 2015 18:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаро Тоҷикистон мисли Россия дар бонкҳои хориҷӣ доштани суратҳисобро баро мансабдорони давлатӣ манъ намекунад?
Бонки миллӣ рост мегӯяд, ки иттилоъ надорад, чунки он пулҳо аз номи Тоҷикистон дар берун обулой мешаванд ва суратҳисобҳои соҳибонашон дар ҳамон бонкҳои хориҷӣ оромакак хобида, бача мезоянд.
Посух додан
  • odina

  • 23 ноябр 2015 06:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин ранги мачлиси совхоз шудай: раис - а бача плани шира ичро карди? муири ферма - ха раис мерум ай кишлок мехарум нарасидагишаа....
Посух додан
  • Давлат

  • 23 ноябр 2015 07:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Раис Ба ман ки кафолат дода метавонад ки ман пулхоямро дар Бонки Точикистон бимонам кайвакте даркор шавад гирифта метавонам Ман як Точир аз солхои 1993 дар Шахри Санг Петербург зиндаги дорам Дороиам кариб ба 1 МЛР расида истодааст Илтимос чоп кунед

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!