Студияи “Tamoshow” клипи нави Фарзонаи Хуршед, овозхони ҷавони тоҷикро зери унвони “Ёри ниқобӣ” нашр кардааст.
Фарзонаи Хуршед, ки маҷмӯи нави таронаҳои худро бо номи “Ёри ниқобӣ” таҳия кардааст, дар суруди ҳамном аз ёри ниқобӣ гила мекунад, ки дар гузашта аз ӯ будаасту ваъдахилофӣ намудааст. Дар суруди нав Фарзона дар хитоб ба ёри ниқобӣ мегӯяд “Ёри ниқобӣ, ҳаргиз набахшам, дасти ману домона, ишқи дурӯза, ёдат ба хайр бод, хонаобод кардӣ барбод”.
Ин овозхони тоҷик қаблан дар саҳифаи интернетияш аз таҳияи маҷмӯи таронаҳои “Ёри ниқобӣ” хабар дода, аз Худо хоста буд,ки мухлисонаш ҳаргиз ҳадафи ёрони ниқобӣ қарор нагиранд. Ӯ шарҳ додааст, ёрони ниқобӣ гуфта, афродеро дар назар дорад, ки асли худро пинҳон нигоҳ медоранд, дар сурат дигаранду дар сират дигар.
Маҷмӯи таронаҳои нави Фарзонаи Хуршед, нахустин баъди хонадоршавӣ бо Фаридуни Хуршед ва таваллуди фарзандаш-Закия мебошад. ВИДЕОИ ИН СУРУД БАРОИ ОНҲОЕ, КИ БА ЮТУБ ДАСТРАСӢ НАДОРАНД
Мӯҳр