Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 18 октябр 2017, 18:04

Додгоҳ Фариддуни Хуршедро 4 400 сомонӣ ҷарима баст

26 ноябр 2015, 12:21

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Фариддуни Хуршед, овозхони маъруфи тоҷикро барои нақзи қонуни танзими ҷашну маросимҳои миллӣ 4 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима бастааст.

Дар ин бора ба "Озодагон" аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон хабар дода, афзуданд, ки Фариддуни Хуршед дар нақзи моддаи 9-и қонун дар бораи танзим гунаҳкор дониста шуд: "Зеро гаҳворабандон бояд дар доираи оила ҷашн гирифта шавад, на дар тарабхона".

Парванда алайҳи Фариддуни Хуршед, шавҳари Фарзонаи Хуршед, сарояндаи шинохтаи тоҷикро Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ барои баргузории маросими гаҳворабандони духтарашон Закия дар тарабхона таҳия кардааст.

Қаблан Шоираи Раҳимҷон, рӯзноманигори тоҷик аксҳо аз маросими гаҳворабандони Закия, духтари Фариддун ва Фарзонаи Хуршедро дар сафҳаи фейсбукияш нашр карда, дар шарҳи он изҳор дошт, ки маҳфили гаҳворабандон якҷоя бо хатнатӯйи Умед Негматов гузаронда шудааст. Дар пайи нашри аксҳо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои кишвар Фариддуну Фарзонаи Хуршедро дар нақзи қонуни танзим муттаҳам кард, чун тибқи қонун гузарондани гаҳворабандон дар тарабхона манъ аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Салмон

  • 25 ноябр 2015 21:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Танх,о ич,роиши талаботи к,онун ч,омеаро ба таври хуби ба пеш мебарад. Сад х,азор сомони ч,арима ситонида шавад ва ин маблагро ба хонаи кудакони бепарастор ( ятимон ) ирсол намоянд.
Посух додан
  • Хушном

  • 26 ноябр 2015 01:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Умед Негматов з0
сола аст,акллан гуйед хатнасури баяахояш
Посух додан
  • Сумая

  • 26 ноябр 2015 03:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чикоршон мекунед Инро хама медонанд 100 ё 200 сомони чаримаш мекунед Бо 1 ташкилии Вазбинашро дар Тарабхона мехуред бо хамин тамом Вой бар холи Камбагалон

Посух додан
  • Ситлра

  • 26 ноябр 2015 05:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акалан 300 ё 500 долар чаримаш кунед ба дигархо дарси ибрат шавад илтимос чоп кунед
Посух додан
  • Рахим

  • 26 ноябр 2015 09:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Боз Лухтакбози сар шуд Хеч кораш намекунанд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инхо касдан хамин корхоро мекунанд, ки дар сахифахои ВАО пайдо шаванд, бовар кунед. Маблаги чарима барои онхо чизе нест, вале максадашон пиар аст ва ин амалхоро дидаву дониста мекунанд. Хеч хусумати шахсие ба ин оила надорам. Шумо журналистон бошед, доимо аз кафои хаминхо кашола, узр.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!