Бахшҳо

Таассуфи Тоҷикистон аз суқути ҳавопаймои Русия ва умед ба одӣ шудани муносибат бо Туркия

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз қазияи суқути ҳавопаймои ҷангии Русия дар марзи Сурия бо Туркия изҳори таассуф кардааст.

Ин ниҳод бо нашри як изҳорот дар сомонаи расмияш, гуфта, “ҷониби Тоҷикистон ҳодисаи марбут ба ҳавопаймои рӯзи 24 ноябри соли 2015 сарнагуншудаи Русияро, ки дар амалиёти зиддитеррористӣ ширкат дошт, бо таассуф қабул кард ва ба наздикону пайвандони низомиҳои ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ мекунад”.

Вазорати корҳои хориҷӣ дар идома меафзояд, Душанбе “ваҳдату якдилӣ ва пуштибонӣ аз ҳамдигар дар амри мубориза бо терроризм дар сатҳи байналмилалӣ ва посухи муштарак ба душмани умумии мо – терроризми ҷаҳониро муҳим мешуморад. Дар ин маврид маъракаи зиддитеррористие, ки Русия доир мекунад, ҷойгоҳи муҳим дорад”.

Дар изҳорот инчунин омадааст, Тоҷикистон ҷонибдори комили амалҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти мубориза бо терроризм буда, умедвор аст, ба қазияи марбут ба ҳавопаймои задашудаи Русия баҳои объективие, ки ба оддӣ сохтани вазъ ва равобити ба таниш печидаи Русияву Туркия мусоидат кунад, дода хоҳад шуд.

24 ноябр ҳавопаймоҳои ҷангии Туркия як ҳавопаймои СУ-24-и Русияро, ки дар амалиёти низомии Русия дар Сурия ширкат дошт, сарнагун карданд. Туркия мегӯяд, ин ҳавопаймо ҳарими ҳавоияшро убур кардааст, аммо Русия иддао дорад, ҳавопайморо дар қаламрави Сурия задаанд.
Мӯҳр
Таасcуф аст на таасуф

Оди ё Одди? мактабхонони солхои 90-ум!

Манижа
Туркия Точикистон нест Сархадашро бесохиб бимонад Сархадро Убур карди мезананат Коше ЧТ мисли Чумхурии Туркия мешуд хаки худашро талаб мекард

Акидаи ман ин аст, ки давлати туркия барои афтондани хавопаймои Су-24-и Федератсияи Русия пурра гунахкор аст, чун ки якум ба хотире, ки миллионхо долларро аз даст дод, дуюм ин ки аз террористон манфиат медид ва бо онхо хамкори дошт аз дигар чониб хавопаймохои Русия манбаи даромади туркияро бомбаборон намудан ба нести бурдан. туркия аз ин нуктахои нафт бо якчоягии террористон манфиати муфт ба даст меовардан бинобар ин касдан, яъне дидаю дониста ин амалиётро анчом додан. Барои мисол кариб ду сол мешавад, ки давлати бо ном ИГИЛ ин корро ба воситаи туркия кардаистодааст, боз аъзои НАТО, тамоми шахрвандоне, ки тарафдории террористони ИГИЛ буданд аз кишвархои руйи дунё ба воситаи давлати туркия ба онхо хамрох шуданд аз чумла аз давлатхои собик ИЧШС. савол ба миён меояд, ки оё рохбари ин давлат ва дигар макомотхои ин кишвар аз ин хабардор набуданд? Не рафико хамаи ин найрангбози аст. Аз нукта назари технологияи хозираи замон агар назар кунем аз сархади кадом давлате набошад пашша убур кунад макомотхои у давлат хабар доранд чи тавр будаст, ки хазорхо тарафдорони давлатхои дигар ба воситаи сархади Туркиё мегузаштааст онхо аз ин бехабар мондаанд ё ин ки онхо хамкори бо террористон надоранд ин дуруги махз аст. Федератсия Русия дуруст мекунад, ки бо ин давлат тамоми доду гирифти иктисодиашро катъ мегардонад, чун ки барои ин асосхои кофи дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)