Бахшҳо
27 ноя 2015 11:34Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Шаш соли зиндони ду ҷавони тоҷик барои тарафдорӣ аз ДИИШ

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ду ҷавони тоҷикро бо иттиҳоми пайвастан ба гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” ва тарғиби ин гуруҳ 3 солӣ аз озодӣ маҳрум кардааст.

Аз додгоҳи мазкур имрӯз, 27 ноябр ба “Озодагон” гуфтанд, Маҳмадалӣ Файзуллоев, донишҷуи соли дуюми факултаи иқтисоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия охирҳои моҳи апрели соли 2015 тавассути шабакаи иҷтимоии “odnoklassniki” дар бораи ташкилоти экстримистии “Давлати исломӣ” маълумот пайдо намуда, “бо мақсади бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон ба ин гуруҳ шомил шуда, тавассути телефони мобилии “SAMSUNG” аз шабакаи интернет навор ва расмҳои тарғибкунандаи “Давлати исломӣ”-ро дастрас намудааст”.

Манбаъ меафзояд, ӯ навор ва аксҳои мазкурро тариқи “Вайбер” ба шиносҳояш -- Наимова Ганҷинамо Бозоралиевна, Қосимов Бузаргмеҳр Абдусаломович, Шоназриев Низом Мақсадшоевич, Насриддинова Шукрона, Ҷамшед Боев ва дигарон фиристодааст.

Манбаъ мегӯяд, “Файзуллоев бо суроғаи электронии “ШеЙх МуХаМмАд 0007” бо Ҷамшед Боев дар суроғаи электронии “ИНШОЛЛОХ ДАР РОХИ ОЛЛОХ МЕРАМ” алоқа барқарор намуда, барои дар задухурдҳои мусаллаҳонаи Давлати Арабии Сурия рафта иштирок кардан, маслиҳат намудаанд”.

Сарчашмаи хабар афзуд, Боев бо маслиҳати пешакӣ бо Файзуллоев дар маҳаллаи автовокзали шаҳри Душанбе вохурда, тавассути шабакаи иҷтимоии “Зелло” бо суроғаи электронии Абу Суфҳян (ДҶИХАД), ки шахсияти истифодабарандааш ба тафтишот номаълум аст, суҳбат намуда, “барои Ҷамшед Боевро ба Давлати Арабии Сурия равон намудан, маслиҳат пурсидааст”.

Боев гуфтааст, омодааст, ки барои ҷиҳод намудан ба давлати Сурия биравад. Файзуллоев тавассути шабакаи “Зелло” бо “Taylung.87” шиносоӣ пайдо намуда, аз ӯ дар мавриди ба он кишвар рафтани Боев маслиҳат пурсидааст: “Номбурда дар ҷавоб қайд намудааст, ки айни замон муваққатан сарҳади давлати Туркия бо давлати Сурия баста мебошад ва дар вақти кушода шудани сарҳад номбурда метавонад чиптаи ҳавопайморо аз Душанбе ба Москва ва аз Москва ба Душанбе харидорӣ намуда, муддати таваққуфи худро дар шаҳри Москва 5 рӯз нишон диҳад. Вақте, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Москва рафт, дар фурудгоҳ чунин қайд менамояд, ки ӯ мехоҳад шиносномаи худро иваз намояд, бо ҳамин сабаб ӯ сарҳади Федератсияи Россияро гузашта, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад. Дар муддати 5 шабонарӯз “Taylung.87” қайд намудааст, ки он шахсро вай шахсан дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия пешвоз гирифта, сипас ба давлати Сурия интиқол медиҳад”.

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, Маҳмадалӣ Файзуллоев ва Ҷамшед Боев дар асоси моддаи 3073 қисми 2,-и Кодекси ҷиноӣ “ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) муҷрим шинохта шуда, ҳар кадом се сол аз озодӣ маҳрум гардиданд. Ин муҳлатро дар коллонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумӣ пушти сар мекунанд.
Мӯҳр
ЗАФАР КУРБОНОВ
МНОГОУНИЖАМЫЕ ВСЯКИЕ НЕ ЗАКОННЫЕ НЕПРИСТУПНЫЕ ГРУППИРОВКИ КАК ИГИЛ, И Т.Д. И ИХ СТОРОННИКОВ И АГИТАТОРОВ, ПРОШУ НЕ ПУДРИТЕ МОЗГИ, И НЕ ВСТУПАЙТЕ В КОНТАКТ С ЛЮДЬМИ, И НЕ ПРЕДЛАГАЙТЕ В ДРУЗЬЯ, НЕ ПИЩИТЕ, НЕ СОЛИТЕ ЖИЗНЬ ДРУГИХ, В ВАС НИКТО НЕ НАЙДЕТ НИЧЕГО ХОРОШЕГО, ТАК, ЧТО УХОДИТЕ КУДА ХОТИТЕ, МЫ НЕ С ВАМИ, МЫ НЕ УБЫВАЕМ, ГРАБИМ, И НЕ ИЗДЕВАЕМСЯ НАД ЛЮДЬМИ. ПРОСЬБА НЕ ОСТАВЛЯЙТЕ КОМЕНТЫ, КЛАССЫ, И НЕ ВЫСТАВЛЯЕТЕ ФОТКИ, ЯКОБЫ ВЫ СРАЖАЕТЕСЬ РАДИ БОГА, АЛЛАХА, И ДЕЛАЕТЕ ДЖИХАД. ЕДИНСТВЕННАЯ ПРАВДИВАЯ ДЖИХАД ЭТО ЗАБОТА О РОДИТЕЛЕЙ, СЕМЬИ, ДЕТЕЙ, КОТОРЫЙ ВЫ ОСТАВИЛИ НА ПРОИЗВОЛ СУДЬБЫ, ПОТОМУ ВАШЕ ДЕЯНИЕ НЕ ПО ИСЛАМУ, МЫ НЕ ПРИЗНАЕМ ВАС, И НЕ ПОДДЕРЖИМ!!!! ПРОШУ ВАС ЛЮДИ ЗАДУМАЙТЕСЬ, ОПОМНИТЕСЬ ПОКА ЕЩЕ НЕ ПОЗДНО, ДА БУДЕТ ВАМИ БОГ, МИР И ДОБРА!!!

Муштари
Вакте, ки роххои алокаи онхо маълум шуд пас чаро амалиёте бо хамрохии Русия нагузарондед, то "Taylun.87"-ро дастгир намоед? Инашам ачиб менамояд! (((

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)