Бахшҳо

(ВИДЕО) Омӯзгори бознишаста: Президент барои исботи кори илмиям дар Русия кумак расонад

Як омӯзгори тоҷик орзу дорад, ки раисиҷумҳур ҳаҷми нафақаашро баланд бардошта ва барои сафар ба Маскав ҷиҳати ҳимояи кори илмиаш кумак намояд.

Ҳасан Давронов, зодаи ноҳияи Данғара ва ҳоло сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон мегӯяд, бо 49 сол таҷрибаи омӯзгорӣ ҳамагӣ 348 сомонӣ нафақа мегирад. Ӯ ба дафтари “Озодагон” омада, гуфт, солҳои тулонӣ дар Техникуми молиявии Академия илмҳо, 21 сол дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва шаш сол дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хисрав кор кардааст, аммо ҳоло бознишаста мебошад. Оқои Давронов афзуд, барои кор ба чанд ҷой, бо шумули Донишгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа муроҷиат кард, аммо бо далели ба синни нафақа расидан, ӯро ба кор нагирифтанд.

Ба қавли ин омӯзгор, ҳоло дар як манзили иҷора дар ноҳияи Вахш зиндагӣ мекунад. Мегӯяд, муаллифи 65 мақола ва 12 китоб буда, соли 1991 ба навиштани кори илмиаш дар соҳаи биофизика шурӯъ кард, аммо бо сабаби нооромиҳо ва набудани шароит натавонист сари вақт онро ҳимоя кунад: “Соли 2003 онро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимоя кардам. Ҳама бо як овоз кори илмии маро қабул карданд, аммо баъдан ба Комиссияи аттестатсионии олии Маскав хатҳои беном равон карданду кори маро онҷо қабул накарданд”.

Ҳасан Давронов меафзояд, барои ҳимоя ба Маскав рафтанӣ буд, аммо маблағи кофӣ надошт: “Ба ректори донишгоҳи тиббӣ барои кумак муроҷиат кардам, аммо ҷавоби рад гирифтам. Гуфтанд мо барои шумо маблағ надорем”.

Ба ин тартиб ба гуфтаи ӯ, аз он замон кораш дар Маскав “хоб” аст ва шароите надорад, ки рафта онро ҳимоя кунад. Ин омӯзгор аз раисиҷумҳур хоҳиши кумак дорад: “Ман аз Ҷаноби олӣ илтимос мекунам, ки ба ман кумак расонад, то ба Русия рафта, кори илмии худамро исбот кунам”.

Мегӯяд, баланд бардоштани ҳаҷми нафақааш аз дигар орзуҳояш мебошад, зеро бо 348 сомонӣ таъмини зиндагӣ хеле мушкил аст.


Мӯҳр
Муслим
Устоди гироми шуморо Чаноби Оли рафту дастгири накард рух афтода нашавед равед бонки милли хисоб кушоед мо барои шумо дастгири мекунем... Иншоаллох боз чандин китобхои илми менависеду фарзандони мо аз у ибрат мегиранд....!!!

гаргара
Аз дангара ки хаст меравад. кумакаш низ мекунанд. Своих не бросаем))

Ана шармандаги вой бар ходи ин миллати бечора. Муаллими мухтарам маро бубахшед бади хондани ин мурочиати шумо аз баъзехо нафратам меояд. Ин магар шармандаги нест муаллиме ки нисфи Зинедин умрашро дар мактабу донишгоххо гузарондааст наход лоики як хона нашавад наход ба ин муаллиме мухтарам нафакаи дерусь надихед. Муаллимчони мухтарам як Бори дигар аз шумо узур Лейкин шумо боях Хафиз мешудед ранги Бобби файз барон он ки ин хукуматдороба факта Хафиз даркор инхоативный ба одамои донишманд даркор нест чулки метарсанд ки одамои донишманд сои инхоро мегиранд.

Salom hamvatanoni aziz. Az shumo ehtiromona khohish menamoyam, nomu nasab va surogai hamin ustodi mehnatdustro dar zer binavised. Man hamchun yak javoni Tojikistoni mekhoham ba in ustod kumak namoyam.

Ризо
Ба ин муйсафед чи даркор бошад ин кадар харочоти бемаъни, ба чои химоя ба хач равед хубтар нест? Ман дар синни 29 солагиам рисолаи номзадиро химоя намудам, вале мутаассифона барои номзад буданам ягон дирам иловапули нагирифтам, чунки дар вазорат кор мекунам, хизматчии давлати мебошам. Барои хамин хам сарсону саргардони дар ин синну сол бемаъни аст. Дар Руссия низ пули калон талаб хоханд кард барои химоя. Дар Точикистон албатта барои химоя кардани чунин равия шурои илми нест, ба гайр аз иктисодиву фалсафа. Лекин дар Точикистон хам то 2-3 хазор доллар нагиранд, кори илмиро кабул намекунанд. Ман худ шахсан шохиди чунин тачриба будам, ки дусти наздики ман барои химояи доктори ба шурои иктисодии ш. Хучанд рафт ва кори у дар ин шуро тайи 2 сол хобида буд, чунки у маблаге надошт, ки дихад. Дар дигар гурохо низ чунин холат вучуд дорад.

Омузгор
Бале устоз эхтиёчи кумак дорад хар фарде ки кумак кунад савоб мегирад хозир минимум барои 4нафар дар як мох 500сомон ба бозори имруза дар як мох рост меояд чун эканамични Имруз устодро аз зуромад чунин сухан мекунад

99
Бечора муаллим! Наход 348 сом нафақа!? Ба Ҳукумов баринҳо барои кадом хизматашон 18-22 ҳазор сомонӣ нафақа медиҳанд???
Тавба! Баъзеҳо, мумкин аст, ки ба ҳоли ин муаллим ханданд. Пас аз ин қадар хизмату кор пир шавед ва ба шумо ҳам чунин рафтор кунанд, баъд мефаҳмед!!!

Омузгор
Ба Устоз кумаки хешро дарег надоред Худо касеро пеши касе мухточ накунад миллати точикро Худованд сарбаланд ва ватандуст то абад нигохдор бошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)