Бахшҳо

(ВИДЕО) Кумаки ҷамъияти тоҷикони ИМА ба ду бемор, ки аз мардум мадад хоста буданд

Ҷамъияти тоҷикони Амрико (Tajik Community In USA) ба Эмомиддин Холов, сокини 21-солаи ноҳияи Рашт, ки ду гурдааш корношоям шудаанду тавассути диалез зиндагӣ дорад, 1000 доллар кумак кард.

Ин кумаки ҷамъияти тоҷикони ИМА-ро рӯзи гузашта, 30 ноябр Аскаралӣ Саидов, бунёдгузори ҷамъият ва Далер Назаров, як узви фаъоли он дар дафтари “Озодагон” ба бародари Эмомиддин -- Насриддин тақдим карданд. Аскаралӣ Саидов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Исмоил Шарипов, раиси феълии ҷамъияти тоҷикони Амрико эълони кумак ба Эмомиддинро аз торнамои “Озодагон” хонда, аз аъзои ҷамъият даъват карданд, барои табобати бемор саҳм бигзоранд: “Ин даъват хуш пазируфта шуда, як миқдор маблағ ҷамъ гардид”.

Ӯ афзуд, дар баробари Эмомиддин ҷамъият ба як сокини ноҳияи Ҳисор, ки тавассути “Азия Плюс” барои табобати тифлаш аз мардум кумак хоста буд, 1000 доллар супурд.

Ҷамъияти тоҷикони Амрико соли 2008 бо ҳадафи ҳалли мушкил ва кумак ба тоҷиконе, ки муваққатан дар ИМА ба сар мебаранд, таъсис шудааст. Аммо ба гуфтаи ҷаноби Саидов, “ҳолатҳое мешавад, ки ҷамъият ба тоҷикони дар ватанбуда ҳам кумак мерасонад ва мисоли рушанаш сокинони ноҳияи Рашту Ҳисор мебошад”.



Эмомиддин Холов, сокини 21-солаи ноҳияи Рашт, ки ду гурдааш корношоям шудаанду тариқи диалез зиндагӣ дорад, аз сокинони Тоҷикистон барои табобаташ тавассути “Озодагон” кӯмак хоста буд. Ба гуфтаи Холов, се сол ба ин беморӣ гирифтор буда, аммо танҳо имсол огоҳ шудааст: “Вақте ба хизмати ҳарбӣ ба Помир рафтам, пас аз 12 рӯзи хидмат дар пойҳоям варам пайдо шуданд. Дар беморхонаи ҳарбӣ дар Помир ду моҳ хоб будам, беҳбудие нашуд, баъдан Қарияи боло ва “Медгородок” омадам, аммо бемориам рӯз то рӯз авҷ гирифт. Дар охир баъди вазнин шудани вазъи саломатиам муайян карданд, ки гурдаҳоям қариб аз кор мондаанд”.

Ин ҷавони тоҷик афзуд, дар ҳоли ҳозир таҳти назорати духтур буда, ҳафтае ду маротиба диалез мекунад ва бо ёрии бародараш роҳ мегардад. Насриддин Холов, бародари Эмомиддин, мегӯяд, тӯли чанд моҳ аст, ки ҳар ҳафта аз ноҳияи Рашт ба Душанбе барои диалез кардан меоянд ва дигар маблағе барои як бор диалез кардан надоранд, зеро ҳар маблағе, ки доштанд дар ин муддат харҷи роҳу диалез карданд. Ба гуфтаи Насриддин Холов, дар хонаашон касе дар ягон ҷой кор намекунад, худи ӯ ба деҳқонӣ ва нигоҳубини падараш, ки мубталои бемории қанд аст, машғул мебошад: “Ҳар гову моле, ки доштем, фурухта барои табобат сарф кардем. Қаблан Эмомиддин дар Душанбе кор мекард ва ба мо низ кумак мекард. Имрӯз ӯ бемор аст, дигар роҳи даромад надорем. Як бародари дигарамон ҳоло хурд аст”.

Табибон мегӯянд, вазъияти Эмомиддин вазнин буда, ба ҷарроҳии фаврӣ ниёз дорад, зеро ба гуфти онҳо як гурдааш комилан аз кор мондаву гурдаи дигараш ҳамагӣ 10-15% кор мекунад. Эмомиддин Холов мегӯяд, барои ҷарроҳии гурдаҳояш имкони молӣ надорад ва бинобар ҳамин аз Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва шахсони саховатманду ташкилотҳои хайриявӣ хоҳиш дорад, ки ба ӯ дасти ёрӣ дароз кунанд. Афроде, ки имкони кӯмак ба Эмомиддин Холовро доранд, метавонанд бо рақамҳои 93 873 12 18, 987 12 24 38 дар тамос шаванд ё ба рақамҳои корти бонкии зерин маблағ гузаронанд: 4167552707600343 - Орёнбонк


Мӯҳр
г
Ин 1000 доллар барои 1 мох диалез марасаду бас. Бохимматтар шавед точикони ИМА. Хайр мо дар Точикистон на чой кор на пул дорем. Шумо чи?

Nakhod az Amriko chunin kymak namoyand on 1000 dolar che meshavad?
Yak dialez agar to 2000 boshad

Рустам
Ин мардуми мо дура гирифта таъна мезананд, хол он ки худашон ягон дирам надодаанд. Дар Амрико хам пул кор кардан осон нест, харочот зиёд аст. Дар хонаи хар яки мо хам 5-6 нафар умедвори маблаги мо хастанд.

Салом... Аз дидани ин бародар аламом тоза шуд, ки дар хаки додаракм Бахриддинчон , ки аз ин дард падруди дуне кард сухтему сухтем...Дуо мекунам, ки харчи тезтар мушкилатон осон шавад ва аз ин дарди Худо рахой ёбед...Сабаб чи бошад, ки вактхои охир хама аз ин гуна дард азоб мекашанд...Худо хамаи бандагонашро аз ин гуна дардхо эмин нигох дорад... Омин

саид
худованд дар корхои некатон баракат дихад бародарони мукими амрико хар нафар аз пушт харф назанед худатон 10 сомони наметен харф хои бекора усто

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)