Бахшҳо

Таронаи президент ба Китоби Гиннес роҳ ёфтааст

Суруди "Ба пеш, танҳо ба пеш, кишвари дӯстдоштаам - Туркманистон", ки аз ҷониби Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон таҳия шуда, онро дар толор беш аз 4 ҳазор нафар якҷоя сароидаанд, ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шудааст. Ҷаноби Бердимуҳаммадов ин сурудро на ба таври зинда, балки дар шакли сабтшуда иҷро кардааст.

Дар ин замина шабакаи расмии телевизиони Туркманистон хабар додааст. Ин суруд дар толори консертии шаҳри Марв, ки аз сӯи Созмони байналмилалии фарҳанги туркӣ (ТУРКСОЙ) дар соли 2015 пойтахти фарҳанги ҷаҳони турк эълом шудааст, садо додааст.

Шайдо Субашӣ - Гемиҷӣ, ки худро дар ин консерт намояндаи Китоби рекордҳои Гиннес муаррифӣ кард, гуфт, ин суруд ба унвони рекорди ҷаҳонӣ дар ин китоб сабт шудааст. Субашӣ - Гемиҷӣ раисиҷумҳури Туркманистонро бо ин дастовард табрик гуфта ва ба ӯ шаҳодатномаи рекорди ҷаҳониро тақдим кардааст.

Аммо масъулони Китоби рекордҳои Гиннес то ҳол шарҳ надодаанд, ки ин таронаи Бердимуҳаммадов барои кадом ҷанбаи фавқулоддааш рекорди ҷаҳонӣ эълон шудааст. Дар сомонаи расмии Китоби Гиннес низ иттилои расмие дар бораи ҳамчун рекорди ҷаҳонӣ сабти ном шудани таронаи президенти Туркманистон нест.
Мӯҳр
Точикистон аз мани
Чи мешавад агар суруди Парда Косимро аз бехтаринхо хисоб кунем ки мегуяд.........ТОЧИКСТОН БО ХАМА ДАРДУ ДАВОЯТ АЗ МАНИ!!!!!!!!Шояд ин суруд рекорди Гиннесро гирад.......

темур
Барои он ки сурудро теъдоди аз хама зиёд, яъне 4000 нафар бо шунавоии хуби мусикиву махорати баланди сарояндаги ичро кардааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)