Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон: Давоми 30 сол беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидааст

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон душанбеи 30 ноябр дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони милали муттаҳид дар бораи тағйири иқлим гуфт, ҳарчанд ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ба муҳит дар миқёси олам ночиз аст, “аммо кишвари мо дар масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир ба ҳисоб меравад”.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда, ки имрӯз соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо пайомадҳои манфии вобаста ба тағйири иқлим рӯ ба рӯ гардидаанд: “Кишвари мо, ки 93 фоизи қаламраваш кӯҳсор аст, яке аз манбаъҳои асосии оби Осиёи Марказӣ буда, аз пиряхҳои он 60 фоизи захираҳои оби минтақа ташаккул меёбад. Обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйири иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Гуфтан кофист, ки аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳаммияти ҳаётӣ доранд, дар давоми 30 соли охир беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидааст. Ҷараёни босуръати обшавии пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ гардидааст. Ин падида ҳар сол сабабгори хароб гаштани иншооти зиёди иқтисоди миллӣ ва ворид шудани хисороти бузурги моддӣ ба аҳолӣ мегардад”.

Раисиҷумҳур дар идома гуфта, танҳо тобистони соли ҷорӣ бар асари офатҳои табиии вобаста ба об ба аҳолӣ ва иқтисодиёти иқтисодиёти Тоҷикистон садҳо миллион доллари амрикоӣ зарари моддӣ расида, ин ҳодисаҳо боиси талафоти зиёди ҷонӣ низ гардиданд. Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба мақсади пешгирӣ аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он то имрӯз барои такмили қонунгузорӣ, сиёсати давлатӣ ва иҷрои тавсияҳои ҳамоишҳои тарафҳои Конвенсия тадбирҳои амалӣ андешида, бо шарикони байналмилалии худ дар ин росто фаъолона ҳамкорӣ менамояд.
Раисиҷумҳури кишвар гуфтааст, Тоҷикистон бо дарназардошти эътирофи ҳаҷми зиёди партовҳои гулхонаӣ дар раванди истифодаи манбаъҳои энергетикӣ рушди минбаъдаи соҳаи энергияи таҷдидшавандаро омили муассири коҳиши партовҳо медонад.

Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон айни замон дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалии худ таъмир, навсозӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обиро идома дода, барои рушди шабакаҳои интиқоли барқ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам ба мақсади пайвастан бо дигар кишварҳои минтақа чораҳои амалӣ меандешад: “Бо дарназардошти аҳамияти ҷаҳонии рушди энергияи таҷдидшаванда Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, бо истифода аз захираҳои бойи обии худ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои шаффофи минтақавӣ ва байналмилалиро бо таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии рушди устувори энергияи муосир омили муҳимми мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим меҳисобад. Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар саргаҳи дарёҳои асосии фаромарзии минтақаи Осиёи Марказӣ қарор дорад, масъалаҳои вобаста ба имконияти пешгирӣ аз офатҳои табиии марбут ба об ва рафъи пайомадҳои онҳоро муҳим мешуморад”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури кишвар мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст иброз доштааст, ки Тоҷикистон дар самти паст намудани шиддати тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба ин падида дар баробари дигар ҷонибҳои манфиатдор, аллакай, қадамҳои устувор гузоштааст. Эмомалӣ Раҳмон афзуда, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир ва дастаҷамъона ҷиҳати коҳиши партови газҳои гулхонаӣ ба муҳит ва мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим ба санади дахлдори мавриди эътирофи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ниёз дорад: “Мо аз раванди таҳияи чунин санади фарогир ҷонибдорӣ намудаем. Ба назари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он санад бо дарназардошти омилҳои таъсиргузор, пеш аз ҳама, бояд низоми маҳдуд сохтани партови газҳои гулхонаӣ ва ташвиқи минбаъдаи коҳиш додани партовҳо нигоҳ дошта шавад. Дар ҳамин ҳол хусусияти минтақавӣ касб кардани тадбирҳои амалӣ самараи бештар хоҳад дошт”.

Раисиҷумҳури кишвар иброз намудааст, ки барои Тоҷикистон татбиқи чораҳои амалӣ дар робита ба ҳифзи экосистемаи кӯҳӣ, аз ҷумла дар самти пешгирӣ аз таназзули захираҳои обӣ ва табиӣ ниҳоят муҳим буда, дар ин замина, бахусус, масъалаҳои вобаста ба истифодаи захираҳои об ва заминҳои кишт, тақвияти бахши кишоварзӣ ба мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ таваҷҷуҳи бештари ҷонибҳои манфиатдорро тақозо менамоянд.

Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони милали муттаҳид дар бораи тағйири иқлим 30 ноябр дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор шуд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)