Бахшҳо

Дар Тоҷикистон ҳамаи нуқтаҳои мубодилаи асъор баста мешавад

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, кормандони ин ниҳод дар якҷоягӣ бо мақомоти додситонӣ шаш масъули нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанберо боздошт кардаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, ин афрод “аз вазъи ноустувори бозори асъор истифода карда бо ҳар гуна роҳу восита қурби фурӯши долларро беасос, худсарона баланд мекардаанд”.

Манбаъ мегӯяд, боздошти ин нафарон, ки кормандони нуктаҳои мубодилаи асъори “Васлат”, “Азизи молия”, “Вориси замон” ва “Тоҷиксодиротбонк” будаанд, 27 ноябр сурат гирифтааст. Дафтари матбуоти Бонки миллӣ меафзояд, боздоштшудаҳо маблағҳои ҳангуфти пули миллӣ ва асъори хориҷиеро, ки аз маблағҳои зерҳисобашон чандин маротиба зиёданд, дар хазина нигоҳ дошта, ба хариду фурӯши ғайрирасмии асъор машғул будаанд: "Дар робита ба беинсофӣ ва бемасъулиятии ба ҳамин монанди кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор Бонки миллии Тоҷикистон Дастурамал “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ”-ро қабул кардааст, ки дар асоси он тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шуда, амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷӣ танҳо дар хазинаҳои марказҳои хизматрасонии бонкӣ, филиалҳо ва саридораҳои ташкилоти қарзӣ анҷом дода мешаванд”.

Бонки миллӣ аз ҳамаи шаҳрвандон даъват карда, зарурати ин иқдомро ба хубӣ дарк намоянд ва мубодилаи асъорро танҳо дар муассисаҳои номбурдаи ташкилотҳои қарзӣ анҷом диҳанд. Ин ниҳоди молии кишвар гуфтааст, мубодилаи асъор дар ҷои дигар қонуншиканӣ ҳисобида шуда, ҳам фурӯшанда ва ҳам харидор баробар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ кашида шуда маблағҳои пулии онҳо мусодира мегардад: “Шахсони воқеӣ – соҳибкорони инфиродӣ, тоҷирон ва шахсони ҳуқуқӣ - корхонаю идораҳо ва ширкату муассисаҳои савдо барои дарёфти асъори нақди хориҷӣ бояд ба ташкилотҳои қарзӣ ва муассисаҳои онҳо муроҷиат намоянд”.

Бонки миллии кишвар яке аз сабабҳои болоравии қурби долларро таъсири омили равонӣ, аз ҷумла муносибат ва рафтори худи шахсони воқеии фурӯшанда ва харидорони асъори хориҷӣ унвон карда, аз сокинон даъват карда, ки “ба овозаю хабарҳо ва маълумоти бардуруғу беасос бовар накарда, дар мубодилаи асъор саросема нашаванд ва оид ба ҳар як ҳолатҳои ҳаннотӣ тавассути рақамҳои телефони боварӣ ва телефони дар нуқтаҳои мубодила мавҷудбуда, ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳанд”.
Мӯҳр
епе
Гуфти русхо "плохому танцору яйца мешают". Саррофон хамон нархеро пешниход мекунанд, ки бозор талаб мекунад. Ин чо айби саррофон нест. Сабаб хамин аст, ки пул аз Россия кам меояд. Бояд инро эътироф кард. Ин чорахои бонки милли танхо ба он меоранд, ки тамомим хариду фуруши асъори хоричи дар бозори сиех ба амал меояд. Мисле ки холо дар Узбакистон хаст.

Шахрванд
Ба фикрам аз бастани нуктахои мубодилаи асъор холат хуб намешавад агар боз бадтар нашавад . Асосан махдудкуни ба баттар шудани холат оварда мерасонад яъне бозори сиёх ва коррупсия чоннок мешаванд.

Бехтарин пешниход мо шарвандон тарафдори онем ки хама нуктахои мубодилаи асъори хоричи баста шавад хама пасту баланди долар аз хамин валючикон сар мезананд.харчи тезтар баста шавад .

Аҳсан хеле пешниҳоди хуб.

Салим
Саррофонро бастед доллар 1000с мешавад!

Беном
Ин кори бонки милли кобили кабул нест сатхи бекори мардум дар афзоиш аст

Ситора
Хохиши дорем тамоми Мубодилаи асьор ки дар Чт кор мекунанд баста шаванд

Муаллим
Ин чораҳои маъмурӣ барои паст шудани қурби долар ягон таъсире намерасонанд. Як моҳ-ним моҳ қурбро медоранду халос. Пас аз ин боз қурб ҷояшро мегирад.

Шахрванд
Бигузор махкам кунанд кани бинем боз айбро ба ки бор мекунанд. Нуктахои мубодилаи асъоро мегуянд баланд нагиред асъорро валле дар худи бонкхо ба микдори 720 мубодила (конвертация) мекунанд. Эй вой бар холи Шумо барои махкам кардан андеша кунед.... Худ медонед, ки айб дар ош аст ё дар мош...

с
Шаш мох пеш нуктахои мубодилаи асъори шахсиро курси сомония паст мекуни гуфта хамашро баста буданд. Натича чи шуд? Хеч чиз....маълум нашуд,ки гунахкор кист. Акнун бокимонда нуктахои мубодила... Ба ман як чи нофахмо Бонки милли имконияти капидани курби сомониро надорад айни замон чаро ин фактро кобили кабул намекунад? Рохбарияти пештараи ин бонкро аз хамин сабаб гирифта буданд пас чаро ин рохбарият аз кор намегиранд?

Бонки милли инкори шумо қобили қабул нест бекори мардумро бештар мекунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)