Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 21 август 2018, 18:26

Додгоҳи Узбакистон 2 гумонбари пайвастан ба ДИИШ-ро озод кард

1 декабр 2015, 18:21

Додгоҳи вилояти Сурхандарёи Узбакистон ду шаҳрванди ин кишвар Юсуф Эсонтурдиев ва Абдураҳмон Эшқобиловро, ки қасди сафар ба яке аз урдугоҳҳои созмони террористии "Давлати исломӣ"-ро доштанд, аз ҷавобгарӣ озод кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба иттилои мақомот, сар аз моҳи январ Эсонтурдиев ва Эшқобилов тариқи интернет бо яке аз ҳамватанони собиқи худ, ки дар сафҳои ДИ қарор дорад, робита доштаанд. Ҷангҷӯи ДИИШ ба ин ду шаҳрванди Узбакистон роҳи расидан ба "Давлати исломӣ"-ро ба воситаи Қирғизистон ва Туркия нишон додааст. Аммо ин ду нафар ҳангоми сафар аз дохили автобус боздошт шуданд.

Бо назардошти пушаймонии содиқона, вазъи хонаводагӣ, замонати маҳалли истиқомати судшавандаҳо, додгоҳ Эсонтурдиев ва Эшқобиловро аз ҷавобгарӣ озод кард.

Ин нахустин ҳукми ба истилоҳ "сафед"-и додгоҳи Узбекистон нисбати парвандаҳои марбут ба "Давлати исломӣ" аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!