Бахшҳо

Духтари тоҷик муддаии сабқати байналмилалии “Зебосанами Осиё-Сибир 2015”

Сайёра Мунаварова, як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон муддаии сабқати байналмилалии “Зебосанами Осиё-Сибир 2015” шудааст.

Аз ин намоиши рақобатӣ қарор аст, 6 декабр дар толори Қасри меҳнати шаҳри Красноярск натиҷагирӣ шавад. Дар баробари Сайёра намояндаҳои 10 шаҳру кишвар барои соҳиби унвони зебосанами Сибир шудан рақобат хоҳанд кард. Мубтакирон мегӯянд, кумитаи тадорукоти озмун аз миёни муддаён 15 нафарро, ки аз Русия, Бошқирдистон, Тотористон, Тува, Хакасия, Ёқутистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Украина ва Лаҳистон намояндагӣ мекунанд, интихоб кардааст.

Дар сомонаи нашрияи Newslab.ru раъйдиҳӣ сурат мегирад, ки дар пайи он яке аз муддаиён унвони “Зебосанами онлайн-овоздиҳӣ”-ро мегирад. Хоҳишмандон имкон доранд, то соати 23:45-и 6 декабр ба номзади дилхоҳи худ раъй бидиҳанд.

Сайёра дар бораи худаш чунин навиштааст: “Зиндагиро дӯст медорам ва ҷаҳонро ба ҳамаи фарозу нишебаш мепазирам. Мехоҳам ба зиндагии худ ва наздиконам шодиву фараҳ биёрам. Хушбахтии бузурги занро, ки оила аст орзӯ мекунам. Ин як арзиши асосӣ аст. Пул ва муваффақият насибат мешаванд, агар хушбахт бошӣ”.

Шиори Сайёра Мунавварова “Дунболи хушбахтӣ нашав. Он ҳамеша бо шумост” будааст.

Созмондиҳандаҳои “Зебосанами Осиё-Сибир”, ки имсол барои бори нуҳум гузаронда мешавад, ҳадафи онро “тақвият додани робита миёни мардум, тарғиби суннатҳои миллӣ ва фарҳангӣ" гуфтаанд.

Тарафдорони Сайёра метавонанд аз тариқи пайванди https://newslab.ru/Contest/MissAsia2015/photo/688673 ба ӯ овоз диҳанд.
Мӯҳр
Тоҷик
Ин духтар куҷояш тоҷикӣ бошад?
Магар барои касе пинҳон аст, ки ин озмуну конкурсҳо ҳамаашон барои пулкардану мардумфиребист. Ташкилкунандаҳошон ҳам бо олами ҷиноӣ пайванди доранд.

Зохид
Точик дар либоси мили хамин аст Хозир дар Точикистон 50%хминхел либос доранд бо ин бародар таачуб шудаст

Dev
Тоҷик,
In duhtar sad dar sad tojikast.Ba juz harzahoi zanakhoi labi obu didi kishlokit digar nazare nadori!Hursand boyad shud,ki yak hohari tojik jo barodari tojikam didi moderni doradu zindagii shoista...

Офарин.Мехохам ин зебосанамро дар юайни хамаи ин кишвархои номбурда,дар чоизаи авал бубинам.Ба пеш!Мувафакиятхои баландро ба ин гулдухтари нозанин,хохонам.Сипос ба гайрату ба кушиш.

Ситора
Ин ба фикрам ин Точики Нав На Либосхояш ба Точики монанд аст На сару Руяш

Этнограф
Дӯстон, маълум аст, ки шумо этнография, этногенез ва антропологияи мардуми тоҷики ориётаборро хуб намедонед! Вагарна чунин ҳарзагӯӣ намекардед! Тоҷикон ҳамаги чашму абрӯсиёҳ нестанд! Тоҷикон аз нажоди ҳиндуаврупоиянд! Малламӯйӣ ё чашми шаҳло (кабуду обӣ) ҳам доранд. Ин аломатҳои рус будан нест!!! ва акнун дар мавриди либоси ин духтарак:
Ин духтарак бо ду либоси миллӣ ва рақси тоҷикӣ тоҷиконро муаррифӣ кард, аммо шумо фақат сари ҳамин як сураташ айбҷӯӣ кардед!. Чун нотавонбини, бадгӯи, ғайбат дар хунамон ҳаст... Ин ҷо фақат ИСКАНДАР мардона сухан гуфтааст! чун МАРДОНА фикр мекунад..дигарҳо ба фикрам ба ҷинсияташон бояд шубҳа кунанд...

Лаҳзаи дастгирии Сайёра аз ҷониби ҳамватанон:

https://vk.com/video308314988_171723725
https://vk.com/video308314988_171723751

Таджики - близкие генетические родственники славян. Это нам показывает Y-хромосомная гаплогруппа, которая обозначается как R1a. процентное соотношение к арийской гаплогруппе R1a у разных народов.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)