Бахшҳо
04 дек 2015 10:41Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Боздошти чор нафар бо иттиҳоми қаллобӣ дар Суғду Ҳисору Душанбе

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани чанд ҷиноятҳои қаллобӣ бо иштироки афроди сину соли мухталиф хабар медиҳад.

Дафтари матбуоти ин ниҳод мегӯяд, ба мақомоти пулис ҷавони 19-солаи сокини пойтахт муроҷиат намуда, гуфтааст, Абдулло ном шахс бо роҳи фиреб аз ӯ 133 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, барнагардонидааст: “Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ марди 32-солаи сокини ноҳияи Зафаробод дастгир карда шуд”.

Манбаъ меафзояд, ҳамчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ марди 27-солаи сокини шаҳри Хуҷандро дастгир кардаанд, ки моҳи августи соли равон бо роҳи фиреб ба боварии ду сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даромада, аз онҳо 100 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, барнагардонидааст: “Инчунин муайян карда шуд, ки марди 30-солаи сокини шаҳри Исфара моҳи августи соли 2013 бо роҳи фиреб ба боварии марди 42-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ 750 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст”.

Ба иттилои ВУД, чанд сокини Душанбе ба мақомот муроҷиат карда, шикоят намудаанд, ки “Бахтиёр” ном шахс ба бовариашон даромада ба роҳи фиреб маблағҳои онҳоро гирифтаву бозпас надодааст: “Муайян карда шуд, ки ин қаллоб, марди 29-солаи сокини ноҳияи Ҳисор буда, дар давоми соли ҷорӣ аз соҳибкор, марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе ба маблағи 60 ҳазор доллари амрикоӣ ва аз марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе ба маблағи 200 ҳазор доллари амрикоӣ маҳсулоти сохтмонӣ гирифта ва аз як нафари дигари пойтахт 9 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст”.

Нисбати далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Darvesh
Mebakhshed iqadar $-ho az kujo??????

nabi farhor
Бо кадом рох ё бизнес дар Точикистон ин кадар маблаг чамъ мешуда бошад,рохашро низ мегуфтед.Дина шаб тарики ТВ-нишон дода шуд,кариб 500-хаз $ порра ба мансабдори болои пешниход карданд.

Мо хам шаб передачаи 500 хазор доллараро тамошо кардем. Занакам низ онро тамошо карду ба ман нигариста мегуяд:
- Туро орд биёр гуям кризис, пул нест мегуи. Ба як халта орд зурат намерасад. Ана бин пул дар кучо будааст.
Вокеан пул нест, доллар нест мегуем. Бубинед пул дар кучост. Наздик ба 500 хазор доллар, факат барои пора.
Вале ман бовари дорам, ки ин то пушти панчарара намеравад. Зеро бародари Раиси гумрук хам бо 600 хазор доллар пора ба даст афтода буд, аммо ба зуди озод шуд.

Санавбар
Акаи Собир ин хел гап назан бо бурда махкамат накунан Ман худам шохид будам бо 600 хазор долар дасгир шуд инро хама медонанд Лекин чи илоч Конун медони барои кадом одамхо аст Факат Барои Камбагалон Илтимос чоп кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)