Бахшҳо

Баҳси муҷозоти “муллоҳо”-и шаҳватпараст: Пешниҳоди ҳукумат бозпас гардонда шуд

Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди ҳукуматро барои муҷозоти ҷиноии афроди ба ном “мулло, эшон, суфӣ, халифа ва фолбин”, ки бо сӯиистифода аз боварӣ нисбати корафтодаҳо ҳаракатҳои шаҳвонӣ мекунанд, бозпас гардонд.

Икром Умарзода, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 16 декабр зимни муаррифии лоиҳаи қонун дар бораи илова намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон изҳор дошт, ки ин лоиҳа аз ҷониби ҳукумат ба хотири ҳимояи шаҳрвандон аз таҷовузи афроди ба ном “мулло” пешниҳод гардидааст.

Умарзода гуфт, тибқи лоиҳа ба Кодекси ҷиноӣ моддаи нав ворид мешавад, ки барои алоқаи ҷинсӣ ё дигар ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонидошта, ки бо сӯиистифода аз эътиқоди динии ҷабрдида, дар ҷараёни табобати ғайрианъанавӣ ё ҳангоми таълимоти динӣ содир шудааст, муҷозоти ҷиноӣ пешбинӣ мекунад.

Муовини вазири корҳои дохилӣ гуфт, ҳолатҳои воқеӣ нишон медиҳанд, ки бархе аз ходимони динӣ ё шахсоне, ки худро “мулло эшон, суфӣ, фолбин ва халифа” эълон медоранд, бо роҳи фиреб ё боварикунонӣ бо сеҳр, даму дуохонӣ бо сӯиистифода аз нуфузу мавқеи худ нисбати корафтодаҳо амалҳои ношоиста содир мекунанду туҳфаҳо мегиранд.

Умарзода таъкид намуд, ки ҳадафи иловаҳои пешниҳодшуда огоҳсозии мардум ва пешгирӣ кардани ҳаракатҳое мебошад, ки ба номи Ислом иснод меоранду ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол мекунанд.

Аммо бархе вакилон ибораҳои дар лоиҳа пешниҳодшуда, аз ҷумла ҳаракатҳои бадахлоқона, табобати ғайрирасмӣ, таълимоти динӣ ва ғайраро мисол оварда, таъкид намуданд, ки бояд ин мафҳумҳо мушаххас шаванд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ дақиқкориро зимни таҳияи чунин лоиҳаҳо зарур хонд, то эҳсоси мусалмонҳо осеб набинад. Ӯ аз ҷумла дуохониро мисол овард, ки қонунан манъ нест ва бархе дар пайи боварие, ки доранд шифо меёбанд.

Парлумон дар ниҳоят ин лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро барои такмил бозпас гардонд.
Мӯҳр
Ином
Магар хамин кормандони дигар кадом корафтодае ки зан аст хамон коро раво мебинанд бигузор конун на барои муллову эшон балки барои хама конун эътироф шавад

Хоркаш
О сабаби асосии баргаштани ин конунро касе нагуфт?
Хамаи депутатхо, вазиру кабирон ва аъзохои оила хама назди муллову эшону бибихо мераванд.
Эхсоси мусулмонхо гуфта раиси мухтарам хаминро дар назар жорандо.

одам
Ахсан Бародар Иномчон Конун барои хама бояд якхел бошад аммо афсус..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)