Маҷлиси миллӣ қонуни “Пешвои миллат”-ро тасдиқ кард. Акнун навбати президент
Аъзои Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон аз қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат", ки ҳафтаи гузашта аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардид, ҷонибдорӣ кард. Аъзои палатаи болоии парлумон тарҳи мазкурро дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллӣ даъвати панҷум, имрӯз, 18 декабр тасдиқ намуд.
9 декабр вакилони Маҷлиси намояндагон аз қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” якдилона ҷонибдорӣ карда, онро қабул намуда буданд. Баъди аз сӯи аъзои Маҷлиси миллӣ ҳам тасдиқ шудан, он барои имзо ба раисиҷумҳур бурда мешавад ва танҳо баъди нашраш дар рӯзномаи “Садои мардум” ҳуқми қонун мегирад.
Тарҳи қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” аз 16 модда ва 33 қисм иборат буда, ба Эмомалӣ Раҳмон иҷоза медиҳад, баъди анҷоми ваколати президентиаш дар соли 2020 бонуфузтарин мақоми кишвар бимонад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |