Бахшҳо

120 сомонӣ ҷаримаи Мастура барои “кондукторӣ”-и фарзанди ноболиғаш

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ занеро, ки фарзанди ноболиғаш дар мусофиркаш ба ҳайси “кондуктор” фаъолият доштааст, ба пардохти 120 сомонӣ ҷарима муваззаф сохтааст.

Тавре аз ин ниҳод хабар доданд, Мастура Очилдиева “уҳдадорияшро дар тарбияи фарзанд ба таври дахлдор иҷро накардааст”. Ба иттилои манбаъ, писари ӯ -- Фазлиддин Очилдиев аз соли 2009 ба ин сӯ ба таълим фаро гирифта нашуда, дар хатсайри №22 ба фаъолияти маблағғундорӣ “кондукторӣ” машғул шудааст. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, “Мастура Очилдиева худро гунаҳгор шуморида баёнот дод, ки аз сабаби танқисии рӯзгор аз соли 2009-ум то инҷониб ба таълим фаро гирифтани фарзандаш Фазлиддин Очилдиевро таъмин накардааст. Фарзандаш Фазлиддин қаблан дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №7 шаҳри Душанбе таҳсил мекардааст. Шавҳараш бекор дар хона бемор мебошад”.

Додгоҳ Мастура Очилдиеваро бар пояи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар гунаҳгор дониста, ӯро дар ҳаҷми 120 сомонӣ ҷарима бастааст.
Мӯҳр
па
Чи хел конун. Ин бача кор карда барои падари бемораш доруву дармое мехарад. Кор накунанд чи магар рафта дузди кунад? Агар хохед ки кор накунад, аввалаш мактабхоро пурра бупул кунед ва харочоти табобати падарашро ефта дихед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)