Тавре аз вазорати рушди иқтисод ва савдо ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, зимни ин ҳамоиш масоили рушд ва тадбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ дар доираи СҲШ баррасӣ гардида, барои муваффақ гардидан ба натиҷаҳои мутақобилан судманд дар соҳаи иқтисодӣ иқдом карда шуд. «Айни замон шартномаҳо дар бахши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ки дар ҷараёни ҷаласаҳои шӯрои сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ ба имзо расидааст, фаъолона тадбиқ мешаванд»,-афзуд манбаъ. Ҷонибҳо баҳри рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи иқтисодиву сармоягузорӣ ба мувофиқа расиданд, ки тадриҷан корҳои амалиро ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Барномаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодии давлатҳои аъзои СҲШ амалӣ намоянд.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Март 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |