Хонандаҳои мактаб то 31 январ истироҳат мекунанд
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зери фармони таътили муҳассилини макотиби миёнаи кишвар имзо гузошт. Тибқи ин фармон хонандаҳои муассисаҳои таълимӣ як моҳ, аз якум то 31 январ ба таътили зимистона мебароянд.
Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфтанд, аммо раҳбарони раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳия ва масъулони соҳа муваззаф шудаанд, барои хонандаҳое, ки дар озмунҳои фаннӣ иштирок менамоянд, дар муассисаҳои таълимӣ дарсҳои иловагӣ ташкил намоянд. Инчунин дастур шуда, ки дар давраи таътил роҳҳои ҷалби мактаббачаҳо ба хониш ҷустуҷӯ ва феҳрасти китобҳои бадеӣ вобаста ба синну сол барои мутолиа тартиб дода шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |