Э.Раҳмон аз фонди захиравӣ барои варзишгарон 673750 сомонӣ ҷудо мекунад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як амр Вазорати молияро муваззаф сохт, аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии президент дар соли 2015 шашсаду ҳафтоду се ҳазору ҳафтсаду панҷоҳ сомонӣ ҷудо намояд.
Бар пояи ин амр, маблағҳои мазкур ба ихтиёри Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои мукофотонии 21 варзишгар “тибқи қарори Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” гузошта мешавад.
Дар банди дуюми амри Эмомалӣ Раҳмон омадааст, “Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи саривақтӣ ва мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин намуда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |