Бахшҳо

Ҷонибдории президент аз гирифтани изи ангушт ва сабти дубораи соҳибони симкортҳо

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз фурӯши симкортҳои алоқаи мобилӣ ба ивази гирифтани изи ангушт ва қатъи алоқаю интернет дар ҳолатҳои зарурӣ ҷонибдорӣ намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, 25 декабр, тағйирот ба қонун «Дар бораи алоқаи барқӣ»-ро имзо кард, ки бар пояи он операторони мобилии кишвар ба сабти дубораи 7 миллион сим-корти қаблан фурӯхташуда уҳдадор мешаванд.

Қаблан Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зимни муаррифии ин тағйирот дар парлумон гуфт, солҳои ахир дар кишвар бидуни пешниҳоди ҳуҷҷат беш аз 70 фоиз сим-кортҳои фаъоли операторони мобилӣ фурӯхта шудаанд. Ӯ гуфт, муайян шудааст, ки ҳатто аъзои созмонҳои экстремистӣ-террористӣ ва қочоқбарони маводи мухаддир аз симкортҳои беноми операторҳои мобилии Тоҷикисон истифода мебаранд.

Умаров таъкид кард, ки ҳадафи қонуни мазкур ба танзим даровардани фурӯши симкортҳо ва ҷилавгирӣ аз симкортҳои ғайрирасмӣ мебошад. Ба қавли Мансурҷон Умаров, дар Тоҷикистон беш аз 7 милион симкорт ҳаст ва дар асоси тарҳи қонун соҳибони симкортҳо бояд аз нав онҳоро сабти ном кунанд. Барои сабти дубора як сол муҳлат муайян гаридааст. Ӯ мегӯяд, "дар тартиби истифодабарии симкортҳо пешниҳод карда истодаем, касе, ки дубора аз қайд намегузарад ширкатҳои мобилӣ симкорти ӯро ба таври автомотикӣ қатъ намоянд". Ӯ инчунин таъкид намуд, ширкатҳои мобилӣ ва афроде, ки ба фурӯши симкортҳои ғайрирасмӣ машғул мешаванд, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Дар баробари ин раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз тағйирот ба қонун “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”-ро ба имзо расонд, ки тибқи он мақомоти қудратӣ дар ҳолатҳои зарурӣ, аз ҷумла амалиёт алайҳи террористон ҳақ доранд алоқаи мобилӣ ва интернетро дар минтақаҳои алоҳида ё тамоми кишвар қатъ намоянд.

Тағйироти мазкур баъди нашр дар матбуоти расмӣ мавриди амал қарор хоҳанд гирифт.
Мӯҳр
99
Беҳтараш, якбора дар пои ҳама занҷир баста монед ва даҳони мардумро дӯзед. Атрофи Тоҷикистонро симхорпеч карда, мардумашро нагузоред, ки даро-баро кунанд!!!

али
амният маладес нав калатон кор кард масалара чиди бинед ширкатора чаримай калон кунен ай кади рохо бозорхо симкортфурушора даф кунен ман симкорт мехарам 1 то ба номи ман мефуруша 100 то ман хабар надорам яке чиноят содир шава ки чавоб мега боят ширкат чавоб гуяд барой беназоратиш

Said
Man 2 sol meshavad ki dar khorihayam va shoyad badi 2,5 sol Tajikistan ravam pas simkorti man chi meshavad ? Mekhoham fahmam...

ин як намуди пул кор куними агар 7миллион бошад ин 7миллионро ба 1хам зарб занем 7миллион сомони мешавад ан пулу ман пул дидед мардум бо чи рохо моро фиреб медиханду пули моро зада мегиранд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)