Бахшҳо

"Нота"-и Душанбе ба Эрон: Даъвати Кабирӣ хилофи дӯстист

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 29 декабр бо нишони эътироз аз иштироки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар конфронси "Ваҳдати исломӣ" дар Теҳрон ба сафири Эрон дар Тоҷикистон -- Ҳуҷҷатуллоҳ Фиғонӣ ёддошт супоридааст.

Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, дар ёддошт аз ҷумла омадааст: “Вазорат бо камоли таассуф таъкид мекунад, ки ба Конфронс собиқ Раиси Ҳизби ифротгаро ва террористии наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ, ки нисбаташ барои кӯшиши табадулоти давлатӣ ва ғасби ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, айни ҳол ӯ дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дорад, даъват шуда буд. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин амали созмондиҳандагони конфронси мазкурро қобили қабул намедонад ва қотеъона изҳор медорад, ки чунин муносибат ба мухолифони давлат ва миллати Тоҷикистон ба равобити ҳасанаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад халал ворид намояд”.

Рӯзи пеш Кумитаи дини Тоҷикистон бо нашри иттилоияе аз иштироки Кабирӣ дар конфронси “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон изҳорӣ нигаронӣ карда буд.

Конфронси мазкур бо ҳузури раисиҷумҳури Эрон 27 декабр оғоз гардида, то 29 декабр идома меёбад. Дар кори он аз Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Файзулло Баротзода, раҳбари Маркази исломшиносии назди президент, Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва чандеи дигар иштирок мекунанд.
Мӯҳр
Эрон медонад,ки Кабири Бе гунох аст. барои хамин Даъват шудааст. Мардуми Одии Точикро пурсед медонанд,ки Кабири бе гунох аст.

Салом кормандони Радиои Озодагон хохиш карда мешавад, ки он хабархое, ки Шумо дар ин Сомонаи Озодагон ворид менамоед дурусттар ворид мекардед нагзтар мешуд, чунки нисфи хабархоятон нодуруст мебошад аз чихати техники. Ташаккури зиёд.

"Чунин муносибат ба мухолифони давлат ва миллати Тоҷикистон ба равобити ҳасанаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад халал ворид намояд”- Хандаовар рафиқон. Мегуфтен, ки Ҳами нотаҳои Шумо нотаҳои мусиқиян ва ё қоғази, ки ягон майда обру надорад?

далер
салом миллат
мамнуияти фаолияти ҳинит дар қаламрави Тҷк аст, ин чи фарқе дорад бар дигар ҷои ҷаҳон.
дуввуман ҳама медонад ки ҳинит бегуноҳ аст.

Саидчон аз Ёкутистон
Хамин тарзи хукумрони бошад дар 200соли дигар Эронро дарёб намекунед хамватанони азиз. Эрон худаш хуб медонад чи кор карданашро,хубаш шумо ин кадар нотахои по дархаво нафиристед хартараф. Чунки гуфтаанд дахони баста сад тилло. Як чахон ташаккур!

Шояд мардуми Эрон тинати ҳақиқии Муҳиддин Кабириро намедонанд, ки уро ба конфрос даъват намуданд

Максади конфаронса "Вахдати исломи" чун вахдат бошад, Эрон ягон хатоги накардаай ! Эрон аз Амрико наметасену гами нотаи МО хеч вакт надорен!!!!!?????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)