Бахшҳо

Бародари Кабирӣ: Падарам ба хона баргашт, вазъаш хуб аст...

Сафарбек Кабиров, бародари Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, падари 95-солаашон, ки субҳи 4 январ аз роҳи Туркия пас гардонда шуд, ба хона баргаштааст.

Сафарбек Кабиров дар суҳбат бо “Озодӣ” изҳор доштааст, ки падараш Тило Кабиров субҳи 4 январ ҳамроҳи наберааш Маҳмуд аз парвози Душанбе – Истанбул пас гардонда шуд ва алакай шаби гузашта ба хонааш дар рустои Қасамдараи ноҳияи Файзобод баргаштааст. Кабиров аз ироаи ҷузъиёти чигуна аз парвози Истанбул пас гардондани падараш худдорӣ карда, афзудааст, ки "вазъаш хуб аст ва дуо мекунем, ки ҳама дар амони Худо бошанд".

Аввалҳои моҳи декабр дар интернет наворе паҳн шуд, ки дар он падари 95-солаи Муҳиддин Кабирӣ аз писараш даъват мекард, барои ободии Ватан талош намояд. Дар он навор Тилло Кабиров мегуфт: “Чаро аз Ватан беватан шудӣ? Охир ту ҳам роҳбар будӣ, ҳар кас хато мекунад, аз ҳаққи якдигар гузаред. Агар тавонӣ биё, дар ҳамин ҷо зиндагонӣ кун, агар натавонӣ кори худатро кун”.

Тилло Кабиров дар идома таъкид мекунад, ки писараш назди хориҷиҳо шикоят накунад, зеро ба гуфтаи вай онҳо ба касе боварӣ надоранд: “Эй ҷураи Муҳиддин, барои ободии Ватан меҳнат кун, чи қадаре фоидаат мерасад хуб, агар не, дар ҳаққи Ватани мо ягон гапи зиёдатӣ нагӯ. Мо хубу ганда 90 сол аст, ки дар ин деҳа зиндагӣ мекунем, ягон зарару гапи зиёдатӣ аз мо нарасидааст. Ту низ чунин будӣ, чаро боз гапҳои зиёдатӣ гап мезанӣ. Барои ободии Ватан бикуш. Худо ба роҳбарон тавфиқу инсоф диҳад, ҳамин мамлакати моро орому тинҷ нигоҳ бидорад, ки ором бигардем, то мурданамон”.

Падари Кабирӣ меафзояд, “гапи зиёдатӣ назан, агар зада бошӣ ҳам, бахшиш бипурс. Мо дар ҳаққи шумо, ҷавонон ва дар ҳаққи роҳбари кишвар дуо мекунем. Парвардигоро ҳамин давлати моро тинҷу ором нигоҳ дорад. Ягон майда дар ҳаққи хиёнат гап назан, натавонӣ дам зан, ба гуфти халқ”.

Ин навор баъди он ба интернет роҳ ёфт, ки наздикони Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнӯъшуда дар Тоҷикистон (ҲНИТ) хабар доданд, ки чанд тан аз аъзои хонаводаашон, бо шумули Тилло Кабирови 95-сола, падари Кабирӣ, Сафарбек Кабирови 54-сола, бародари ӯ, Саида Кабироваи 60-сола, хоҳарбузурги раиси ҲНИТ, Лаълхонум Кабирова, 70-сола, аммаи Кабирӣ (писараш Нарзуллоев Ҷамшед моҳе қабл боздошт шуда буд), Дилором Кабироваи 40-сола, ҳамсари бародари Кабирӣ, Исматулло Нарзуллоеви 74-сола шавҳари хоҳари раиси ҲНИТ, Додуло Нарзуллоеви 38-сола, ҷияни раиси ҲНИТ ба мақомот даъват шудаанд.
Мӯҳр
muhojir
yak kamtarakam izo namkekashida boshand?

Худо оқибат ба хайр бод муйсафедро азоб надиҳед дуояш мегирад

Метарсам конун набароранд Масъулияти падару модар то синни 55 солаги.

Samad
In ast kudrat. Ygon avlodshon boyad berun nashavand.

Ну и что

Писари бехирадаш айбдор аст

Чаро мехохад ки пири навадсоларо ба туркия барад?

БИГЗОР ГАДО БОШИ ДАР ХОКИ ВАТАН БОШИ,,,
бА ФИКРАМ Тилло КабировРО ФАРЗАНДАШ Мухиддини Кабири бо ваъдахои бофтаи худ хостааст аз хоки ватан дур кунад, вале ин муйсафеди тачрибадида ва худогох дарк намудааст, ки як порча хоки ватан аз тахти Сулаймон бехтар аст. Аз хамин лихоз аз максадаш баргаштааст.

Сафдар
Аз максадаш баргаштааст ё аз максадаш баргардонданд?

точикистони нав
рухафтода нашавед чаноби кабири рохи шумо рохи паёмбарони худост агар дар ин дунё падаратонро мулокот карда натавонед дар киёмат хатман сарбаландона мулокот хохед кард

Кабири ҳамаи милати номдори тоҷик медонад ки ту гуноҳ надори худо ёру мададгорат бод бародар омин

new
агар ман бачои ин пирамард мешудам ин писари хоину ватанфурушро намебахшидам

Хами муйсафеди солхурда рост гуфтааст, агар хами писараш мисли хами муйсафед банангу баномус мебуд бисёр нагз мешуд.

мардикор
бобои пираки имруз шумо мазлум иншооллох дуъои шумо мегирад хамааш дар зингиаш пешпо мехурад

Мамнуъ ва мавзуъро бо "у" нависед ва "бикӮш"-ро бо Ӯ. Барои он ки бикӮш "постарайся-try" аст, "бикУш" "убей-kill" аст. Муҳтарам рУзноманигорони аз раҳи забони тоҷикӣ нагузаштагӣ...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)