Бахшҳо

Дар орзуи “ҷомеаи тангемӣ”

Иршод СУЛАЙМОНӢ

“Ҳар орзу бо худ неруи заруриеро барои мавҷудияташ ба ту мебахшад. Ин чиз имконпазир аст, танҳо лозим мешавад, ки заҳмат бикашӣ”.
Ричард Бах


“Ҷомеаи тангемӣ”. Касоне ки бори аввал ин ибораро мешунаванд шояд ба фикр фурӯ мераванд, ки ин боз кадом назарияи фалсафиест. Шояд назарияи фалсафӣ ҳам бошад. Аммо асосгузори ин назария Ҷамшеди Ҳалим, ҳаҷвнигори тоҷик аст, аз барномаи “Лаҳзаҳои гуворо”. Ҳамагон саҳнаи “тангем яке пайдо мешава”-ро хуб дар хотир доранд.

Вазъи ноҷӯри иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мавзӯи меҳварии баҳси ҳама нишастҳост. Ҳама дар бораи он фикр мекунанд ва вазъиятро бар асоси далел, рақам, таҳлил ва баррасиҳое, ки доранд, пешгӯйӣ кунанд. Мо ҳам бо дӯстон ҳамеша дар ин маврид гуфтугӯ дорем. Нигарони сарнавишти минбаъдаи ҷомеа ҳастем. Дар як чунин баҳсҳо яке аз дӯстон, ки аз ҳама беш эҳсосӣ суҳбат мекард, нохудогоҳ гуфт, ки ман боварӣ дорам ҳамааш хуб мешавад. Гуфтем чӣ тур? Бо кадом роҳ? Чӣ гуна, охир? Гуфт, намедонам, вале мешавад. Якбора. Мисли тангем. Аз инҷо ибораи “ҷомеаи тангемӣ” пайдо шуд.

Намедонам, боз дар Тоҷикистон чӣ касони дигаре ба “ҷомеаи тангемӣ” бовар доранд. Хусусан, ман, бовар надорам. Эй кош, мешуд бовар кард! Зеро ин муъҷиза аст. Муъҷиза хоси пайғамбарон аст. Дар замони мо пайғамбар нест. “Ло набия баъдӣ”!

Ҳарчанд ба пайдоиши “ҷомаеи тангемӣ”, яъне як ҷомеаи ободу садфоиза, ки яку якбора пайдо шавад бовар надорам, вале дар орзуйи чунин як ҷомеа мебошам. Дӯсти мо ба пайдоиши ин гуна ҷомеа бовар дошт. Ва мисли ману он дӯст садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба пайдоиши чунин як ҷомеа бовар доранд ё дар орзуйи он мебошанд. Мардумро чӣ барои доштани чунин як орзу водор кардааст? Орзу хайёли ширинест, ки метавонад ба воқеият табдил шавад. Вале дар 99 дар сади маворид орзуҳо таҳаққуқ пайдо намекунанд. Дар сатҳи рӯъё боқӣ мемонанд. Афсӯс!

Ин ки Тоҷикистон дар буҳрони иқтисодии ҳозир гир мондааст ва дасту почак мезанад, ҷойи баҳс надорад. Аммо роҳандозӣ нашудани стратегияҳои умедворкунанда мардумро орзупараст кардааст. Зеро ҳама медонем, ки орзу зиндагии талхтаринро ҳам барои лаҳзае ширин мекунад. Мирсаид Миршакар ҳам бо ҳамун қади дарозу ақли зарифаш гуфта буд, ки “зиндагӣ, бе орзу ширин набуд ва зиндагиро орзу ширин намуд”.

Пеш аз ҳама, яке аз сабабҳои аслӣ, ки буҳрон моро нафастанг кард ин вобастагии иқтисоди Тоҷикистон аз пули муҳоҷирин мебошад. Бо дар “рӯйихати сиёҳ”-и кишварҳои ғарбӣ уфтодани Русия (сарнавишти кишвари бузурге мисли Русия имрӯз аз “настроение”-и шахсии як кас вобаста аст) ва бад гаштани вазъи иқтисодии он кишвар ҳоли мо бадтар шуд. Инро ҳама медонанд, ки иқтисоди мавҷуди заъифи Тоҷикистон бар пояи пули муҳоҷирон дар тамоми давраи истиқлол гардон аст. Вале дар ин қадар муддат барои кам кардани вобастагии иқтисод аз пули муҳоҷирин чаро кори кам нашуд ва агар ҳам шуд чаро муассир набуданд?!

Ин вазъ ба ёд як муамморо меоварад. Мушу лаклак ҷанг кардаанд, дандони уштур шикастааст. Хар гунаҳкор. Чаро?
Русия бо Ғарб мушкил дорад, ранҷро мо мекашем. Чаро?
Мардум шояд ба ин суолҳо посух ҳам дошта бошанд. Зеро савол, ки бисёр шуд ба он бояд посух ҷӯст. Вале як ҷиз дақиқ аст, ки бидуни дониш, таҷрибаҳои вуҷуддошта, тарҳрезиҳову барномарезиҳои мушаххас ва иродаи қотеъ наметавон ба “ҷомеаи тангемӣ” расид. Мансабдорони мо вақте соҳиби мансаб мешаванд худи онҳо зуд ба ин “ҷомеа мерасанд”. Яку якбора зиндагиашон хуб мешавад. Соҳиби қасру шаҳомату тиҷорату дороӣ мешаванд. Албатта бе барномарезӣ, бетаҷриба ва то ҳатто бедониш. Вале барои мо ба “ҷомеаи тангемӣ” расидани мансабдорон не, балки ба ин гуна ҷомеа расидани Тоҷикистон муҳим аст. Ба ин гуна ҷомеа расидани мансабдорон мардуми моро хушбахт намекунад, вале агар Тоҷикистон дар кулл бирасад, мардум саъодатманд мегарданд.

Ҷомеаи босубот он аст ки мардумаш бо бовар барои ояндаи гулгулшукуфои он бингаранд ва ба сӯйи он қадам бизананд. Ҳамин гуна як боварро бибинанд ва онро битавонанд, ки ламс кунанд, вагарна орзупараст мешаванд. Мушкилотро ҳал кардан намехоҳанд, роҳҳалҳои онро ҷустуҷӯй намекунанд, дониш ва таҷрибаро истифода намебаранд. Инро як кори ношуданӣ медонанд. Вале думболаи орзу мераванд. Орзу, ки ҳеч вақт худи ба худ ба воқеият табдил намеёбад, таҳаққуқ пайдо намекунад, агар барои таҳаққуқ пайдо кардани он талош сурат нагирад. Вале мо имрӯз думболаи гунаи дувум ҳастем. Коре, ки ҳақиқатан ношуданӣ аст. Бисёр бад аст, вақте, ки мо кори воқеан мешуданӣ (ҳал кардани мушкилот)-ро канор гузоштаву кори намешуданӣ (орзупарварӣ)-ро интихоб кардаем...
Мӯҳр
Мауллим
Ман ҳам ҳамин орзӯродорам. Шояд рӯзе расаду Тоҷикистон аз буҳрон раҳо шавад!

Андалеб
Орзуи мардуми Тоҷикистон ҳар чӣ тезтар халос шудан аз мансабдорони тангназари бесаводи маҳалгаро аст, додари азизам Иршодҷон. Валлоҳ ки рост мегуям.

Мушу лаклак ҷанг кардаанд, дандони уштур шикастааст. Хар гунаҳкор. Чаро?
вакте ба хамин савол чавоб ёбед, он гох вокеан чомеаи мо хам "яке пеш меравад"

Эгам
Дар Тоҷикистон як буҳрон аст - буҳрони кадрӣ! Ягон ҷомеаи тангемӣ ва ё тангем кӯмак наметавонад кунад.

асал
бехтарин макола.. гап нест устодчон

Саида
Устод, ман фикр кардам, ки Шумо хамчун як зиёии кишвар, равшанфикр, ягон рохи хар чи зудтар баромадан аз бухрони иктисодиро пешниход мекунед, ки орзу монанди пайдошавии тангем мешавад. Вале, афсус... ин суханхои шуморо .....хар бегох кампири момоям мегуяд ва он кас хам ягон рохро пешкаш намекунад.

хак
Устод гуфтед, мушкилие, ки байни Русия ва Аврупо шудаистодааст, аммо бадбахти ба сари мо меояд, ман мегуям то он даме ки мо ба Русия ба хайси буфер хизмат менамоем мо наметавонем, талаботу манфиатхо худро на дар минтака балки дар дохили давлати худамо хифз намоем

Бехтарин макола, акаи Иршод Сулаймони!!! Ба шумо мувафакият хохонам.

"Будущее принадлежит тем, кто верит в красоту своей мечты". Лев Толстой

Кокали
Иршодеее. Аз хамин насиханхониат намонди. Охир, ин гапхоро ХАМА медонад, вале ЧОРА ЧИ? Шаф-шаф-шаф.... как всегда

шогирд
Устод росташро гуям ин масъалае ки Шумо проблемабардори намудаед 10маротиба хондам хес чиз нафахмидам ки чиро мехохед ибрози назар кунед. Чизе мехохед гуфтан, вале муайян не чи мегуед.

модар
Мауллим,
Мауллим,
Эй бародар гам махур. Ба ояндаи гул-гулшукуфии точикистон бовар кун

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)