25 соли зиндони шаҳрванди Узбакистон дар ИМА
Додгоҳи федеролии иёлати Айдахо як шаҳрванди 33-солаи Узбакистонро 25 сол равонаи зиндон кардааст.
Фазлиддин Қурбонов дар кумак ба созмони террористӣ ва нигаҳдории маводи тарканда муфрим шинохта шудааст. Ҷон Карлин, ёвари додситони кулли ИМа дар умури амнияти миллӣ гуфтааст, “Фазлиддин Қурбанов барои талоши кумаки молӣ ба “Ҳаракати исломии Узбакистон” ва харидории мавод барои сохти бомб бо мақсади анҷоми амалиёти террорӣ дар қаламрави Амрико маҳкум шуд”.
Қурбанов моҳи майи соли 2013 баъди он ки хадамоти кашшофии ИМА суҳбатҳояш тавассути почтаи электронӣ ва Skype-ро бо намояндаҳои “Ҳаракати исломии Узбакистон” ошкор сохт, боздошт шуд. Баъди анҷоми муҳлати ҳабсаш ӯ ба Узбакистон ихроҷ хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |