Бахшҳо
11 янв 2016 11:21Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Гузориши Раҳимӣ: Аз ихтироот то даҳҳо рисолаи докторӣ ва садҳо номзадӣ

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар ҳузури намояндагони ҳукумат, парлумон ва олимон аз натиҷаҳои фаъолият дар соли 2015 гузориш дода, вазифаҳо дар соли 2016-ро мушаххас кардааст.

Тибқи иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи улум, Раҳимӣ зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ изҳор доштааст, ки соли гузашта барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот қариб 30 коркарди олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ӯ ҳаҷми маблағгузории буҷетӣ барои фаъолияти Академия дар соли 2015-ро 38 миллион сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Президенти Академия ҳисобот додааст, ки тайи соли 2015 14 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, 2 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ва 3 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, 3 шаҳодатномаи Маркази миллии патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ оид ба сабти моликияти зеҳнӣ ба даст оварда шуд: “Дар соли 2015 дар 23 шӯроҳои диссертатсионии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 353 рисола, аз ҷумла 40 рисолаи докторӣ ва 313 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд. Дар ин давра аз кормандони АИ ҶТ ҳамагӣ 23 рисола, аз ҷумла 3 рисолаи докторӣ ва 20 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шудааст”.
Мӯҳр
Номдор
Ахсан Ф Р инсони босаводу бо фархангасти Худо хамавакт мувафак боши

саид
ба номдор ва дигарон
аслан ин нафарест, ки хам вазорати маорифро харобтар кард ва алъон академияи илмхоро дорад хароб мекунад

Рости, натоичи кори ин Агентиро бояд душманони миллат бахои мусби бояд диханд! Аввал ин, ки махз Агенти бо фармони боаклтарини миллат нагузошт дар хакикат, олими бузурги давра Шокирчони Хаким сохиби кор шаваду барои хонаводааш кутти лоямут пайдо карда карда чавононро аслан сохиби маълумот кунад! Дувум 40 докторе, ки бо зарби пул хам чайби сарагенту болоагентро бо дуллор пур кардданд ва худ ки дар асл бесаводанд, дар оянда системаи маорифи кассифшударо бадтар ба нести мебаранд! Офарин, хуш келибсиз!

Аҷиб.. ҳозир кишварамон он қадар номзади илму докторе дорад, ки ягон давлат надорад. Вале, аз ин миқдор чӣ фоида...

шахрванд
Дар як сол 40 "доктору" 313 "номзад" дар чумхури зиёд шуду аммо ягон пешрави на дар маориф на дар саноату хочагии хал дида нашудааст. Оё хамин "олимон" ягон фоида меоварда бошанд ба халк?

голибшои Акбаршо
ман ихтироот дорам чи бояд кунам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)