Муллоҳоро барои никоҳ бидуни ақди никоҳи расмӣ муҷозот мекунанд
Дар Қирғизистон лоиҳаи қонуне омода мешавад, ки бар асоси он муллоҳо барои бе ақди никоҳи расмӣ хондани хутбаи никоҳ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ду вакили парлумони Қирғизистон лоиҳаи қонунеро таҳия кардаанд, ки муллоҳоро ба риояи меъёрҳои қонун ба ҳангоми хондани хутбаи ақди никоҳ вазифадор мекунад. Никоҳи ноболиғон - мавзӯи доғи Осиёи Марказӣ аст. Қонунгузорӣ талаб мекунад, ки барои бастани ақди никоҳ бояд ба синни мушаххасе расид ва дар идораи ақди никоҳи давлатӣ сабти ном шуд. Аммо бисёре аз никоҳҳо, ба вижа дар минтақаҳо, мисли пешин тибқи хоҳиши волидайн баста мешаванд ва хутбаи никоҳро муллои маҳалла мехонад.
Тибқи қоида, чунин никоҳҳо дар ҳеч ниҳоде сабти ном намешаванд. Тибқи лоиҳаи қонун, домоду арӯсоне, ки мехоҳанд никоҳ кунанд, бояд қабл аз ҳама дар идораҳои расмии давлатӣ ақди никоҳи худро ба қайд гиранд.
Дар лоиҳа пешниҳод шудааст, муллоҳое, ки бидуни ақди никоҳи расмӣ хутбаи никоҳ мехонанд, аз 3 то 5 сол аз озодӣ маҳрум шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |