Бахшҳо
11 янв 2016 15:45Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Вазир: Тоҷикистон ба 330 омӯзгор ниёз дорад

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, муассисаҳои таълимӣ дар кишвар ба 330 омӯзгор ниёз доранд.

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм имрӯз, 11 январ дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, мушкили норасоии кадр дар миқёси ҷумҳурӣ қариб бартараф гардида, дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд пурра ҳал шудааст. Ба иттилои ӯ, ҳоло дар қаламрави кишвар ҳамагӣ 330 омӯзгор намерасад, ки 123 нафари он ба навоҳии тобеи марказ, 122 тан ба вилояти Хатлон, 59 кас ба ВМКБ ва 6 нафар ба Душанбе рост меояд. Ба гуфти оқои Саид, норасоии омӯзгорон бештар дар гуруҳи фанҳои табиӣ ва забонҳои русиву англисӣ мавҷуданд.

Вазири маориф ва илм аз монеъ шудани волидон ба таҳсили фарзандонашон дар макотиби миёна изҳори нигаронӣ карда, изҳор дошт, дар соли таҳсили 2015-2016 зиёда аз 8 ҳазор падару модар ба таҳсили фарзандонашон дар макотиби миёна монеъ шудаанд: “Ин рақам нисбат ба соли таҳсили 2014-2015 ҳазор нафар зиёд мебошад”.
Мӯҳр
омузгор
Мухтарам вазир.дар мактаби имена 22-нафар муаллим кор мекунад. Аз онхо 6-нафарашон дорои маьлумоти оли бокимонда е маьлумоти имена доранд е умуман надоранд. МО дипломхо дар хонаю мегардем дар кишлок бекор. Вакте ба маьмурияти мактаб баром кор мурочиат мекуни мегуянд чои кор нест.Мухтарам вазир Боз шумо мегуед км Ормузгор намерасад. Як тафтиш кунед.ва озодагон мае чи хел сайти вазири маорифро ебам?кумак кунед

sanyk
Муаллимони дорои маълумоти оли дар Чумхури бенихоят бисер аст, лекин вазифахоро муаллимони пир гирифта ба чавонон умуман имконият кор карданро намедиханд. Чавонон бошанд баъди мурочиат кардан бо чанд мактаб дилашон хунук шуда рохи пайдо корхои дигарро мечуянд. Ба хамаи ин нигох накарда муаллимон бисер дилхунукона дарс мегуянд. Онхо матали халкии: АВС маориф пула бте гуфта кор мекунанд. Дигар ин, ки маоше, ки муаллим мегирад ба рохкирояш намерасад. Як бор анализ карда бароед, ки барои зиндагии хоксорона чанд пул лозим асту, оё маоши мукараршуда ба ин талабот мувофикат мекунад. Хамиро сабаб карда муаллимон аз хонандахо бо хар роху восита пул талаб мекунанд, ки ин хиси корупционии онхоро бедор мекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)