Бахшҳо

(ВИДЕО) Зевар Давлатзода: Орзу Исоев минбаъд коргардонӣ мекунад

Раҳбарияти муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” далели пахш нашудани барномаи “Маликаи хушхиром”-ро шикояту эродҳо дар расонаҳо гуфтанд.

Зевар Давлатзода, раҳбари ин шабака имрӯз, 13 январ дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, дар пайи эрод ва шикоятҳое, ки дар васоити ахбори оммаи кишвар нисбат ба лоиҳаи “Маликаи хушхиром” нашр шуд, барномаро қатъ карданд. Аммо ӯ гуфт, шахсан дар ин барнома камбудиеро мушоҳида накардааст.

“Маликаи хушхиром” яке аз барномаҳои сербинандаи “Телевизиони Сафина” ба шумор мерафт, ки муҷрии он Орзу Исоев буд. Хонум Давлатзода афзуд, баъди қатъи барнома мухлисони зиёде тамос гирифта, хоҳиш мекунанд, он дубора пахш шавад. Раҳбари “Телевизиони Сафина” мегӯяд, ин лоиҳа аз сӯи ӯ пешниҳод гардид ва Орзу Исоев танҳо ровӣ буд.

Орзу Исоев, ки баъди раҳбари “Сафина” шудани Зевар Давлатзода дубора ба ин шабака баргашт, ба ҷуз аз “Маликаи хушхиром” барномаи дигаре бо номи “Ногуфтаҳо” ҳам дошт, ки низ чанд вақт шуд, пахш намешавад. Зевар Давлатзода дар посух ба суоли хабарнигори “Озодагон” перомуни сару садоҳо дар мавриди “иҷозаи баромад наёфтани Орзу Исоев” гуфт, лоиҳаи “Ногуфтаҳо”-и ӯ ба анҷом расид: “Орзу Исоев ихтисоси коргардонӣ ҳам дорад ва тасмим ин шуд, ки минбаъд ба ҳайси коргардон фаъолият намояд. Лекин ин маънии онро надорад, ки ӯ аз эфир дур мешавад. Орзу журналисти хуб аст ва кори журналистиашро дар “Сафина” идома хоҳад дод".


Мӯҳр
в
Боз хамин Орзу баргашту барномахои "шахвони" сар шуданд. Дар каллаи ин Орзу гайр аз масъалаи озмуни духтарон ягон фикри дигаре бошад?

Муаллима
Орзу Исоев бехтарин рузноманигор аст ва дар вакти баромад кардан овози хубе дорад, ки дили хар як тамошобинро таскин медихад. Хакикатан хам дар вакти баромад карданаш тамощобинро ба худ чалб карда метавонад.

Бисер кори нагз шуд, ки барономаро бастанд. Гуш кунед Зевар Апа! Барномахое ба мисли овози тиллои ва ин маликаи хушхироми шумо медонед чи пасомадхо доранд?
Хамаи кудакони наврас дао дил танхо орзуи раккоса ва овозхон шуданро мекунанд. Магар ин хуб аст? Тарики телевизион ки дид кудак фикр мекунад, ки дигар аз ин касбхо дар Точчикистон дигар касби хубтар нест. Маликаи хушхиром бошад ин як навъ рекламаи духтарони зебо барои мардони сарватманди Точикистон мебошад. На дигар чизе беш......

Сарбоз
Аз рохбарияти Тв Сафина шахсан аз Сардори он Зевар апа эхтиромона хохиш дорам, ки хамин барномахое, Орзу пешниход ва ровиги мекунад илтимос аз эфир хамрохи У пурра бардошта шавад. Чунки ин барои бероха шудани духтари точик замина тайёр карда истодааст. Дар рафти барномаи Маликаи Хушхиром нигохи ровиро ба ин чавондухтарон дидаму нафратам нисбати чунин одам дахчанд зиёд шуд. гуфтанихо зиёд локин аз газаб ба ёдам наомад, ки нависам. Илтимос илтимос илтимос чора андешед, бе ин хам духтарони точик руз аз руз бероха шуда истодаанд. Илтимос.....

Саид, Точикистон
Аз соати 6 бегаи то соати 12 шаб, дар шабакаи якуми телевизиони Точикистон ба гайр аз телевизиони Сафина ва Сугд, ягон барномаи чолиб дида намешавад, 4 маротиба ахбор 100 маротиба реклама, албатта мардум факат каналхои дигар давлатхоро тамошо мекунанд. Раккоси хушхиромон ва овозхонхои кучаги ба ки даркор. Ахволи ичтимоии мардумро дар имруз дида баромадан даркор. Нон бошад суруд хам мешавад. Як назар ба дигар давлатхои тарраккикардаи дунё назар афкананд.....

Бо забони шикаставу лакнатдор бешармона барандагӣ кардани ин бачаяк нафратовар аст ! Уро аслан аз сахнаи телевизор дур бояд кард

Ман хусусан ягон барномаи телевизони Точикистона тамошо намекунам. Ягон барномаи чолиб надорад. Хайфи он пулхое, ки ба ин муасисахо чудо мешавад. Гайр аз таблиготи Ч.О дигар барнома надоранд.

Рахим
Дехоти,
Исоев хар мох 12 хазор сомони маош мегирад. Дигарон 1000ғ1500. Кани адолат?

Он барнома барои чавонон ва хеле чолиб буд. Камбуди дошт, ба назари ман хам, аммо бояд такмил мешуд, на баста. Ин гуна барномахо албатта ба бархе писанд намеоянд, хусусан ба калонсолон. Конфликти наслхо хама вакт хаст. Ба хама танкидхо ахамият додан чи лозим? Хозир ба шарофати интернет ва хатто матбуот, ки сифаташ паст аст, одамхо ягон китоб дар умрашон нахонда хакки гап задан пайдо кардаанд. Ба хама гушу асаб додан оё дуруст аст? Гапи хамаро ахамият дихед, мачбур мешавед ТВ-ро умуман бандед. Ё ягон кас ишора кард, ки бандед барномаро?

Орзу Исоев - шоир, клипсоз, ровии ТВ, барандаи барномахои радио, коргардони барномахои ТВ, муаллифи барномахои фарогати, таърихи, мустанад, филмноманавис, журналист ва г. Ва дар хамаи ин сохахо у муваффак гашта ба мартабае расидааст, устодону мардуми одди захмати уро кадр, хунари уро эътироф кардаанд. Шумо, ки танкид мекунед уро, боре фикр накардаед, ки чи кадар барои ин инсони фаъол ва мубориз зиндаги душвор аст, чи кадар зарбаву мушкилот, дашному хамлахоро тахаммул мекунад? Бо у шинос нестам, вале худро дар чои у тасаввур карда метавонам. Аз дасти худатон чизе намеояд, акаллан ба онхое, ки кор мекунанд, эхтиёткорона муносибат кунед. Танкиду эрод дошта бошед, як каме бо эхтиром арз кунед. Чахолату беадабии худро аз паси парда намоиш додан чи хуби дорад?

акбар
Ты кто такой? Давай Досвидания!!!!!!!! winked

Kormandi tvs
Ош шавад чунки орзу исоев кор мекунад ранги якхело як барнома надорад 15000 сомонхам гирад кам аст.

Комил
Роҳбарони ин шабакаҳои ТВ ва умуман роҳбарияти Тоҷикистон кишвари моро мисли Индия ва мардумашро мисли ҳиндуҳо рақосаву мутрибу худобехабар ва инчунин мисли онҳо беномусу беғурур кардани ҳастанд. Нуқта.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)