Бахшҳо

Президент: Таҷлили чорҳазорсолагии Данғара дар назар нест

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улуми Тоҷикистон сару садоҳо дар бораи таҷлил аз чорҳазорсолагии Данғараро беасос хонд.

Ӯ қабл аз зуҳри имрӯз, 14 январ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, аз ҷониби олимони бостоншиноси Академияи илмҳо соли 2015 дар ду мавзеи Данғара, аз ҷумла дар Кангурт ҳафриётҳои бостоншиносӣ гузаронида шуд ва дастовардҳои он барои ташхис ва баҳогузории илмӣ ба Олмон интиқол ёфт: “Натиҷаҳои ташхис аз Олмон нишон доданд, ки дар ҳақиқат ин бозёфтҳо хеле надир буда, аз ин пештар дар дигар бозёфтҳои тамаддуни Осиёи Марказӣ ба назар нарасидаанд”.

Фарҳод Раҳимӣ афзуд, ҳафриёти бостоншиносӣ на ба хотири чор ҳазорсола эълон намудани Данғара, балки ба хотири ба олам нишон додани тамаддуни бостонии тоҷикон, муаррифии арзишҳои миллӣ ва исбот кардани он далелҳо, ки аз ибтидо тоҷикон мардуми бумӣ ва маскуни ин сарзамин буданд, анҷом шудаанд.

Ин изҳороти президенти Академияи улум дар ҳолест, ки чанде қабл бостоншиносони Академияи илмҳои Тоҷикистон дар деҳаи Хушманзараи ноҳияи Данғара, ки қаблан Кангурт ном дошт, 72 зарфи сафолин пайдо намуданд. Доктори улуми таърих Саидмурод Бобомулоев он замон гуфта буд, бозёфтҳо ба асрҳои 13 ва 11-и пеш аз мелод мансуб буда, таърихи қариб 4 ҳазорсола доранд. Бостоншиносон бозёфтҳои мазкурро нодир гуфта, таъкид карданд, ки то ҳол бо чунин арзиши баланд дар Хатлон чизе дарёфт нагардидааст.

Баъди изҳороти бостоншиносони Академияи улум сару садоҳое ба вуҷуд омад, ки гӯиё дар Тоҷикистон аз чорҳазорсолагии тамаддуни Данғара таҷлил мешавад.
Мӯҳр
п
Ин Дангара почгузори таммадуни Осиеи миена будаасту мо бехабар. Самарканду Бухоро фархангро аз Дангара омухтаанд.

xyz
hayronam in akademiya chi khel "qarib" 4 hazorro hisob kardaast:
agar gum ki asri 11-13 pesh az melod yane 1100-1300 pesh az melod, dar in holat maximum 3315 (2015+1300) sola me boshad. Magar 3315 "qarib" ba 4000 barobar shuda metavonad? Ajoib hisobu kitob, Ajoib "taqriban" kuni. :)

Вайс
Сафолпорае ёфтанд, ки шояд таърихи беш аз чор хазорсола дорад......... Агар миллион сола хам бошад ин тамаддуну таракиёт дар гузашта будааст, мефахмед, ДАР ГУЗАШТА... ин хеч сабаби фахру худтаърифкуни буда наметавонад. Хозир бояд тамаддуну таракиёт дошта бошем...
С.Петербург хамаги 300 сол дорад. ин барои маълумот ва мукоиса.

академики мухтарам Кангур ба Дангара дахл надорад охир.

Дар дасти худшонай мехохан 4000 солаш мекнан, мехохан 14000 солаш мекнан. Зинда бод ЭШ. Рахмонов.

Ислохбой
бозёфтҳо хеле надир буда, "надир" не "нодир" бояд бошад

Кангуртӣ
Салом бар ҳамаи ҳамватанон!
Ин академикҳои муҳтарами бозёфти таърихии 4000 соларо муайян кардаанду дар соли 2016 муайя карда натавонистанд ки ҷамоати Кангурт дар ноҳияи Данғара набуда, балки дар ноҳияи Темурмалик мебошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)