Бахшҳо
15 янв 2016 14:02Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Академия пешгӯии заминҷунбӣ аз рӯи хоби Кароматро ғайриилмӣ хонд

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон иддаои Кароматуллоҳи Аҳмад, журналисти собиқадори тоҷикро, ки як сокини Душанбе бар асоси хобаш метавонад, заминларзаҳоро пешгӯӣ кунад, бепоя хонд.

Каромамтуллоҳи Аҳмад, имрӯз, 15 январ дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор дошт, ки як сокини шаҳри Душанбе бо номи Каромат Исматов ба ҳафтаномаи “Чархи гардун” мактуб фиристода, гуфтааст, ки ҷунбидани заминро дар хобаш мебинад. Журналисти собиқадори тоҷик ба унвонии Академияи илмҳо мактуб навишта, ин суоли Каромат Исматовро ба миён гузошта, шарҳи истеъдоди фавқулодаи ӯро хостааст.

Президенти Академияи улуми Тоҷикистон рӯзи 14 январ ба ин журналист тоҷик, ки аз тақдири пешниҳодҳояш суол кард, посух дод, ки ин иддао асоси илмӣ надоранд: “Ба далели ин ки пешниҳоди шумо хаёлӣ буд ва ҳеч гуна асоси илмӣ надошт, олимони Академияи илмҳо зарурате ба ҳамкорӣ ва посухро надиданд”.

Ҳамчунин академик Собит Неъматуллоев, яке аз донишмандони варзидаи ҷаҳон дар соҳаи зилзилашиносӣ изҳор дошт, ки то кунун баъзе дастовардҳои илмӣ барои пешгӯйӣ кардани заминларза ҳосил шудааст, вале бар асоси хоб пешгӯйӣ кардани заминларза як даъвои бепоя ва ғайриилмист. Ба гуфтаи Собит Неъматуллоев ҳоло се усули асосии пешгӯйии заминларза -ларзанигорӣ (сейсмика), атмосфера ва аносфера вуҷуд дорад ва илм ба ҷуз ин усулҳо шеваи дигареро намедонад.

Вале Кароматуллоҳи Аҳмад мегӯяд, ки Академияи илмҳо натавонистааст, ки ба пешниҳоди ӯ посухи қонеъкунанда бидиҳад.


Дар акс: Кароматуллоҳи Аҳмад
Мӯҳр
2
...Наход Озодагон низ мисли у бошад? ИН чи хабар аст?

Ин кароматуллохи Ахмадро дар сурати аввал бояд аз узвияти ИЖТ ронд. То обруи мо нарезад!!! У журналсит набуд, корманди техники буд вале чун дар майдон гург намонд, у чупон шуд...

Кадушох
хайфи хамон ноне ки муасисатон ба шумо медихад, ин хабрагузориро ба як бозича ва пахш кардани хабархои беасос бадал кардаед, шарм доред, мухариру хабрнигору дигару дигаратон ))

Сокини Душанбе
Шарм доред, озодагон наход рузноманигор то ин дарача хафтафахм бошад? охир у дар бораи хоби худ нагуфтааст,дар бораи хоби кадом як сокине ки ба у мурочиат кардааст гуфтааст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)